Дар Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию минтақавӣ, соҳибкорон ва муассисони корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Ҷамъомадро раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода ифтитоҳ бахшида, суханро барои шарҳ додани вазъи имрӯзаи корхонаҳои саноатии шаҳр ба муовини раиси вилоят Умед Зоирзода, ки сарварии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба дӯш доштанд, доданд. Мавсуф қайд намуданд, ки корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 71248,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамтин давраи соли гузашта 61313, 7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 13, 9 фоиз таъмин карданд.
Дар ин давра аз 47 корхонаи саноатӣ 17 корхонаи он фаъолият накарда, 8 корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам намуданд.Тибқи маълумотҳои дастрасшуда аксари корхонаҳои болозикр дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нерӯи барқро ба маротиб зиёд истифода намудаанд.Аз нигоҳи масъулин бошад, сабабҳои фаъолият накардан ва ё коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо, аз беэътиноии соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳо арзёбӣ мегардад.Гарчанде аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати ба кор андозии корхонаҳои бозистода бо масъулини шаҳр ва роҳбарони корхонаҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор шуда бошад ҳам, аммо маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки аз тарафи соҳибмулкон ва масъулин, ҳанӯз ҳам чораҳои зарурӣ андешида нашудааст.Тибқи маълумоти оморӣ то санаи 1 июни соли равон аз 47 корхонаи саноатӣ 17 адад аз ҷараёни фаъолияташон ба мақомоти оморӣ ҳисобот пешниҳод накардаанд, ки аз ин шумора 9 ададашон мавсимӣ арзёбӣ гардида, 8 адади дигар бо сабабҳои номаълум аз фаъолият бозмондаанд,- иброз намуд Умед Зоирзода.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло бо изҳори таассуф зикр намуд, ки дар 30 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.
Дар ҷамъомад раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки бунёди корхонаҳои саноатӣ боиси устувор гардидани иқтисодиёт ва коҳиш ёфтани ҷараёни муҳоҷирони корӣ гардида, ба таъмини шаҳрвандон ба ҷойҳои кории нав мусоидат менамояд.Аз ин лиҳоз ҳар як фарди ватандӯсту соҳибхирад, тоҷирону соҳибкоронро зарур аст, ки баҳри вусъат бахшидан ба раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳиссаи босазои хешро гузошта, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоянд.