Бохтар. Барои назорати гузаронидани охирин рӯзи дарсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гурӯҳҳои зиёди корӣ вобаста гардида, дар алоҳидагӣ аз ҳар муассиса дидан мекарданд. Махсусан бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста гурӯҳи корӣ аз муассисаи таълимии №3 ва Литсейи тамоюли технологии шаҳр дидан карда, дар баромади пагоҳирӯзӣ бобати манъ будани таҷлили рӯзи занги камолот, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуд. Илова бар ин, бо хатмкунандагони муассиса, синфҳои 9-ум ва 11-ум вохӯрии алоҳида гузаронида, вобаста ба мавзӯи мазкур суолу ҷавоб доир карда шуд.

 Гурӯҳҳои кориро намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Дар муассисаҳои таълимии №13, 7 ва 15 низ чунин вохӯрии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ будани гузаронидани чорабинии «Занги камолот», таъмини 100% хонандагон дар ин рӯз аз рӯи ҷадвали дарсӣ шарҳ дода шуд. Дар вохӯриҳое, ки бо хатмкунандагон гузаронида шуданд, суолу ҷавобҳо хусуси идомаи таҳсил, интихоби касбу ҳунар, фаҳмиш дар бораи Маркази миллии тестӣ, манъи таҷлили «Занги камолот» ва дигар паҳлуҳои он баргузор гардид.

 Охирин рӯзи дарсиро хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар сатҳи зарурӣ ва бо риояи қоунунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.

DSC_0099.JPG

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here