Рӯзи 27 октябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо иштироки муовини раиси вилоят Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши асарҳо аз рӯйи чор номинатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, яъне асарҳои бачагона, китобҳо аз адибони классик, асарҳои шоирону нависандагони муосири тоҷик, намунаҳо аз адабиёти ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои тозатаълифу арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саҳни Кохи фарҳанг ороста шуда буд, дидан карданд.

Дар толори Кохи фарҳанг тамоми ғолибон ва иштирокдорони фаъоли даври вилоятии озмунҳо, инчунин зиёиёи эҷодкор ҷамъ омада буданд.

Қайд гардид, ки дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ истиқбол намудани даври якум, дуюм ва сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2020 ба тавсиб расида, дар асоси он чорабиниҳои мазкур дар ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва даври вилоятии он дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор карда шуд.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати пирӯзӣ ва иштироки фаъолонаашон дар озмунҳо шодбош гуфт. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки Соли равон шумораи иштирокчиёни озмуни даври вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 637 нафарро ташкил намуд, ки нисбати озмуни соли гузашта 272 нафар зиёд мебошад.

Агар дар соли 2019-ум 40 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта бошанд, имсол ин теъдод ба 83 нафар расида, 96 нафар иштироки фаъолона нишон додаанд.

Ҳамчунин, дар ин тадбир, ки бо мақсади баланд бардоштани донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ равона гардидааст, иштироки фаъолонаи нафақагирон ва модарон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷайҳун, Фархор, Ховалинг ва Муъминобод назаррас буда, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун намояндагони ноҳияи Данғара, Фархор, Ховалинг ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм ва дар номинтасияи шоирӣ довталаб аз ноҳияи Ҷайҳун ба гирифтани зинаи сеюм мушарраф гардид.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди пандемия ва хурӯҷи бемории сирояти нави коронавирус дар кишвар, даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи апрел дар маркази деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ҷамъбаст гардида, даври дуюми он дар маркази шаҳру ноҳияҳо моҳи июли соли равон гузаронида шуд. Аз рӯйи 5 номинатсия 5100 нафар дар озмун иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки рафти озмун аз тарафи Комиссияи таъсисдодаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ монда шуд.

Дар рафти даври вилоятии озмун 637 нафар довталаб, аз ҷумла 11 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 482 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 3 нафар хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 30 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 122 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар доираи талаботи озмун оид ба хондан ва аз ёд намудани осори манзум ва мутолиаи асарҳои мансур малака ва истеъдоди худро нишон доданд.

Дар даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ довталабон иштироки фаъол буд. Дар натиҷа 63 нафар соҳиби мукофотҳои пулӣ гардида, 27 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 131 ҳазор сомонӣ ва озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 166 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ғолибони ҷойи аввал 5000 сомонӣ мукофот гирифтанд.

Тавре ки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ қайд намуд, мақсади асосии озмунҳо ҷалби оммаи васеъ ба мутолиа, эҳё ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои нобиғаҳои адабиёти тоҷик, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, сарояндагону навозандагон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буда, соли дуюм аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат баргузор гардида истодааст.

Муовини раиси вилоят изҳори итминон кард, ки дар даври ҷумҳӯриявӣ иштирокчиёни озмунҳо бо маҳорату малакаи баланди худ бори дигар фарҳангу маърифати мардуми вилояти Хатлонро ба таври шоиста муаррифӣ хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон