Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулони шуъба ва бахшҳои сарраёсати молия дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон буда, ҷамъбасти се моҳаи аввали соли равон гузаронида шуд.

Сараввал Назарзода Бахтиёр сардори Сарраёсати молияи вилоят дар назди ҳозирин доир натиҷагири иҷроиши буҷети маҳалли шаҳру ноҳияҳои вилоят дар зарфи семоҳаи якуми соли 2019 баромад намуда чунин афзуд- “Сарраёсати молияи вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоршҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати мамлакат «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

Гуфта шуд, ки афзоиши рушди воқеии иқтисодиёт дар вилоят ба 7,2 фоиз баробар гардида, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 2,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 329 миллион сомонӣ зиёд гардида ба ҳар як нафар аҳолӣ 855 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 83 сомонӣ зиёд мебошад.

Изҳор гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,7 милиард сомонӣ расонида шуда ҳаҷми истеҳсолӣ молҳои саноатӣ ба 1 нафар аҳолӣ дар вилоят 524 сомониро ташкил намуд.

Ҳамчунин Назарзода Бахтиёр зимни баромади худ итиллоъ дод, ки бо дар назардошти рушди воқеии иқтисоди вилоят нақшаи буҷети даромади маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 бо дар назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоб баробаркуниҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 101% ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101% таъмин гардида ба буҷет ба ҷои 268,0 милион сомонӣ, 272,0 милион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,0 милион сомонӣ зиёд мебошад.

Сипас роҳбарони молияҳои шаҳри Бохтар, Леваканд, ноҳияҳои Вахш, Муминобод, А.Ҷомӣ ва дигар шахсони масъул дар назди хозирин бобати бурду бохташон дар семоҳаи якуми соли 2019 баромад намуда, якқатор дастуру супиришҳои мушаххас гирифтаанд.

Дар идомаи кори ҷаласа муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ баромад дошта таъкид бар он дошт, ки ҳар як кормандони соҳа вазифаҳои худро сари вақти иҷро созанд то соҳаи молия дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам рушду нумуъ ёбад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here