Имрӯз дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо иштироки сардори раёсат Фариза Абдуллозода Раиси Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Саидмуъминов Аҳлиддин, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, директори маркази таъбу нашри ДМТ Сафарализода Хоҷамурод, раиси Шӯрои олимони ҷавони вилояти Хатлон номзади илмҳои иқтисодӣ Муҳаммаднаим Мирсаидов ва олимону муҳаққиқони чавони вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи навин» ва дастгирию таъбу нашри маводҳои илмии олимони ҷавон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин тадбири илмӣ амалӣ масъулин оид ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди илми тоҷик, дақиқ пешбурдани корҳои илмӣ, чопи маводҳо ва дастгирии олимони ҷавон баромад карда, иброз доштанд, ки дар чунин як шароити муносиб бояд мо бештар аз илмҳои муосир истифода карда, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми муносиби худро гузорем.
Мизи мудаввар бо баромади масъулин ҷараён гирифта, бо таклифу пешниҳодоти олимони ҷавон ба кори худ анҷом бахшид.