Масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ аз иҷрои 100%-аи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллии мамлакат мужда расониданд.
Фархор ҳафтумин ноҳияи вилоят аст, ки то 16 апрел аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъват баромадааст. То имрӯз 6 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, нақшаи даъвати баҳории даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро кардаанд. Дар ин радиф навоҳии Балҷувон, Темурмалик ва Хуросон иҷрои нақшаи даъватро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд.
Дар сатҳи вилоят иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ то рӯзи 16 апрел 69,1%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки баҳри босифат ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории соли 2020 қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2019, №324 «Дар бораи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони соли таваллуди 1993-2004», аз 20 декабри соли 2020, №329 «Дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» ва аз 3 январи соли 2020, №3 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва шуъбаву бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар даъвати баҳории соли 2020» ба тасвиб расида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор расонида шуд.
Бо мақсади тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа тибқи нақшаи Вазорати мудофиа 315 нафар ба омӯзиш ҷалб шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 548 нафар ба ин курсҳо ҷалб шудаанд. Тибқи маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, дар шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 161 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратдошта ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи рӯзи 12 апрел ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони комиссияҳои даъвати ҳарбӣ дастур дода буд, ки ба кашол ёфтани иҷрои нақшаи даъват роҳ надода, ҷиҳати пеш аз муҳлат таъмин намудани он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон