Нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 63,8 миллион сомонӣ расид. Афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дод, ки ба ҳар як нафар аҳолӣ 914,5 сомонӣ рост омада, нисбати нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 50 сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 379,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбати нақша 1,6 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 41,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо 101,1 фоиз иҷро шуд.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 419,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 89,5% (375,3 миллион сомонӣ)-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт карда шудааст.
Барои пардохти нафақапулиҳо 225,1 миллион сомонӣ равона гардида, талаботи маблағи нафақаи нафақахӯрони вилоят таъмин карда шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон