Сармутахассиси бахши кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ Асламшоҳ Маҳмадхолиқов дирӯз, 22 октябр, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада, баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар карда шуд.

Асламшоҳ Маҳмадхолиқов соҳиби 1 фарзанд буда, дорои маълумоти олӣ мебошад.

Асламшоҳ дар назди худ қавл дод, ки хизмати Ватан-модарро бо сарбаландӣ иҷро намуда, рисолати чавонмардии худро дар назди халқу Ватан анҷом диҳад.

Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар маросими гусели Асламшоҳ Маҳмадхолиқов ба сафи Артиши миллӣ иштирок намуда, ба ӯ хизмати бобарори аскарӣ таманно карданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here