Бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Ҳилолӣ Аҳмар вобаста ба нақша намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд. Дар ин намоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Валиева Саъбагул қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, дар ин замина зиёд намудани рафту омади сайёҳон, таваҷҷуҳи онҳо ба ҳунарҳои қадимаи тоҷикон зиёд намудан, ташкили ҷойҳои кории нав ва ба ин восита баланд бардоштани некуаҳолии мардум соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Сокинон низ иброз доштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани иқдомҳои неки Пешвои миллат саҳми худро мегузорем.