Санаи 9-август дар толори пазироии Кохи Ватан-и шаҳри Бохтар ҷаъмбасти озмуни вилоятии китобхонаҳои деҳоти таҳти унвони «Кохи маърифат» баргузор карда шуд. Китобдорони шӯъбаи намоиши китобҳо бахшида ба ин чорабини ба иштирокдорон намоиши китобӣ таҳти унвони «Китоб тарбиятгари башар аст»-ро ташкил ва пешниҳод гардониданд.

 Бояд қайд намуд, ки дар намоиши китоби асосан асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомаӣ Раҳмон ва адабиётҳои тозанашре, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби шоиру нависандагон, олимон ва шахсиятҳои намоёни кишвар  бо сифати баланд рӯйи чоп омадаанд ба иштирокдорон  пешниҳод гардонида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here