Ба ҳолати 27 июни соли ҷорӣ аз 67 хонае, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон бунёд шуда истодааст, корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворсозӣ 100%, кандани хандақ (траншея) 100%, асоси таҳкурсӣ (подушка) 100%, сохтмони таҳкурсӣ 100% пурра ба анҷом расида, девори 56 манзили сохташаванда пурра бардошта шудааст.

Дар 26 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз гардида, хонаи №16, ки соҳибмулкаш Бобохонов Сироҷиддин аст, бардоштани бом ва болопӯш ба охир расид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон