Мудири бахши Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров, дар нишасти матбуотии худ дар баробари шарҳу тавзеъ додани дигар самтҳои соҳа, инчунин қайд намуданд, ки  дар шаҳру навоҳии минтақа 13 адад осорхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла 4 осорхонаи ҷумҳуриявӣ ва 9 осорхонаи ноҳиявӣ фаъолият мекунад. Хазинаи нигораҳои осорхонаҳо  дар маҷмӯъ 28435 ададро ташкил менамояд.Осорхонаҳо дар шашмоҳаи соли равон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» садҳо чорабиниҳоро манзури тамошобинон намуданд. Дар осорхонаҳои ноҳияҳои Ховалинг, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб экспозитсияҳои мавзӯгӣ, таҳти унвони «Наврӯз ҷашни ориёӣ», «Аз таърихи ҷашнгирии Наврӯз дар ноҳия», «Фарзандони шуҷои диёр», «Саҳми занон дар рушд ва барқарории Истиқлолияти давлатӣ» тартиб дода шуда, бо нигораҳо мукаммал гардонида шуданд. Нигораву экспозитсияҳои осорхонаҳо  гувоҳи зиндаи таърихи давлатдории тоҷиконро ифода намуда, мардуми минтақаро дар рӯҳияи ватандӯстию ҳисси баланди хештаншиносӣ тарбия мекунад.

  Мавсуф сари масъалаи осорхонаҳо бо таъкид ишора карданд, ки осорхонаи «Ҳунармандон»-и шаҳри Кӯлоб, зери роҳбарии Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Асоев, бахшида ба «Ҳафтаи поси хотир» ва Рӯзи Ғалаба намоиши асарҳои зеринро бо унвони «Ёди дӯст», «Тасвири оҳанг», «Меҳри диёр» пешкаши тамошобинон сохта, аз он 1650 нафар дидан намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here