Бахшида ба Рӯзи Китоб бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»,Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар Озмун китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи китобдорӣ, баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, ҳифзу нигаҳдории хазинаи гаронбаҳои миллат, ташвиқ ва тарғиби мутолиаи китоб ва иштироки фаъолона дар сеюмин Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» сазовори ҷоизаҳои Озмун гардидаанд.
Аз ҷумла, дар номинатсияи «Китобхонаи сол»: Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» соҳиби «Дипломи дараҷаи-1», Китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷоизаи «Гран-при — 3» ва Китобхонаи марказии ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ соҳиби «Ифтихорнома» гардиданд.
Дар номинатсияи «Китобдори сол» Набиев Хайрулло — мудири филиал китобхонаи № 8-и деҳоти «Дӯстӣ»-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷоизаҳои «Гран-При-3» ва Азимова Оламбӣ — методисти Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» сазовори «Ифтихорнома»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»,Китобхонаи давлатии патентию техникӣ гардид
Дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол»: Китобхонаи шахсии ҷамъияти «Вализодагон», Китобхонаи шахсии «Кошонаи Файз»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, Китобхонаи шахсии «Ганҷи Мунк»-и ноҳияи Ховалинг, китобхонаи шахсии «Асрори маънӣ»-и ноҳияи Муъминобод сазовори ҷоизаҳои «Грант-При» ва тӯҳфаҳо гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2018, таҳти № 79 озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» санаи 4-сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Қодирова Робия-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар рафти озмун ғолиби ҷойи дуюм, Дипломи дараҷаи 2 барои иштироки фаъолона ва ғолибият дар бахши «Хонандаи бехтарин» сазовори мукофоти пулӣ ва «Рамз»-и озмун сарфароз гардонида шуд.
Озмунҳо дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ гузашта, дар ташакулли худшиносию худогаҳию ватандӯстии хонандагон, тақвияту баландбардории ҳисси масъулиятшиносии кормандон нисбати адои вазифа саҳми муносиби худро гузошта тавонист.