Дар толори қасри фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши бонувони эҷодкор дар рушди матбуоти тоҷик” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода, як қатор собиқадорони матбуоти тоҷик аз ҳисоби бонувон ва муҳаққиқони соҳаи журналистика ширкат варзиданд.
Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода ифтитоҳ бахшида, саҳми занони рӯзноманигори хатлониро дар ташаккул ва таҳаввули матбуоти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд. Ба ақидаи Ф. Шарифӣ, бонувони қаламкаш бо диду назари бесобиқа, навҷӯӣ, сабку услуби хосаи нигорандагӣ аз ҳамтоёни мардашон фарқ мекунанд. Дар баробари ин, онҳо аз нигоҳи далериву матонат, сатҳи касбият, ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ низ аз мардон камбуде надоранд, ки шоистаи таҳсин аст.
Муовини раиси вилоят дар идомаи суханаш аз корномаи бонувони эҷодкори хатлонӣ дар масири таърихи матбуоти маҳаллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мавзӯи ҷойгоҳи бонувони эҷодкор дар матбуот ва журналистикаи тоҷик, инъикоси ҳаёти занони вилояти Хатлон дар ВАО-и маҳаллӣ аз нуқтаи назари илм пажӯҳиш нашуда, то ҷое аз назари муҳаққиқон дур ҳам мондааст.
— Тӯли 90 соли мавҷудияти матбуоти вилояти Хатлон бонувони эҷодкори мо саҳми боризе дар маҳви бесаводӣ, таблиғу ташвиқи омма ба корҳои ободонию созандагӣ, бедорӣ, маърифатнокӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳуқуқ ва хештаншиносии бонувони Тоҷикистон саҳми бориз гузошта меоянд, — идома дод Ф. Шарифӣ.
Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, зимни ироаи маърӯзаи худ қайд намуд, ки журналистони ҳирфаӣ аз ҷумлаи занон дар баробари инъикоси дастовардҳои Ҳукумати мамлакат, пешрафти арсаҳои мухталифи хоҷагии халқ, инчунин мавзӯъҳои доғи рӯзро ба баррасӣ гирифта, доир ба проблемаҳои кори саҳро, ҳифзи иҷтимоии занон, вазъи экологӣ, камбудию нуқсонҳо дар кори идораю муассисаҳои давлатӣ, ва монанди ин масъалагузорӣ менамоянд.
Иштирокчиёни ҳамоиши илм-амалӣ инчунин маърӯзаҳои номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёт ва журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зайналбӣ Холиқоваро дар мавзӯи “Бонувони рӯзноманигори минтақаи Кӯлоб ва матбуоти муосир”, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав Дилором Маҳкамоваро дар мавзӯи “Саҳми бонувон дар рушди илми журналистика”, сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” Шарофати Дониёрро дар мавзӯи “Меҳровар” – маҷаллаи махсуси бонувони Хатлон”, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Хатлон” Асалмо Сафарзодаро дар мавзӯи “Нақши занон дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик” шуниданд.
Бонувони эҷодкор Офоқ Қодириён, Оймоҳ Ҳасанова, Адолат Сайфуллозода ва дигарон зимни муҳокимаи маърӯзаҳо қайд карданд, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба матбуоти маҳаллӣ, алалхусус бонувони эҷодкор онҳоро рӯҳбаланд ва ҳамзамон масъулияташонро дучанд мегардонад.
Пас аз маърӯзаҳо маросими қадршиносии собиқадорон ва рӯзноманигорони фаъоли вилоят доир гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба Шарофат Худойдодова — ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дилором Маҳкамова — мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав ва Нуриннисо Муртазоева – собиқадори матбуоти тоҷик нишони ҷашнии “100-солагии матбуоти тоҷик” тақдим карда шуд.
Ҳамзамон бонувони зайл бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:
1 Зулайхо Ғоибова — сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон”
2 Мавлуда Ашӯрова — собиқадори радиои вилоят
3 Латофат Чориева — сармуҳаррири маҷаллаи “Сафо”
4 Шарофат Отаева — сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар”
5 Офоқ Қодириён — роҳбари маркази матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
6 Оймоҳ Ҳасанова — сармуҳаррири ТВ “Хатлон”
7 Ҳангома Паҳлавонова — ходими рӯзномаи “Хатлон”
8 Махфират Шоимова — котиби масъули маҷаллаи“Сафо”
9 Сумангул Асадбекова — сармуҳаррири рӯзномаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав
10 Умедаи Ҷалил — сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Терай”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
11 Баҳриннисо Маҳмадҷонова — корманди собиқадори матбааи вилоят
12 Мирзоева Нилуфар — шоира (н. Фархор)
13 Зебо Бозорова — хабарнигори нашрияи “Ҳамрози халқ”
14 Алодат Сайфуллозода — сармуҳаррири нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён
15 Ёрматова Гулчеҳра — сармуҳаррири нашрияи “Хуросон”-и ноҳияи Хуросон

— Тӯли даҳсолаҳои охир шумораи зиёди бонувони эҷодкор аз мактаби эҷодии рӯзномаҳои хатлонӣ гузашта, худашон соҳибмактаб, соҳибқалам ва соҳибном шудаанд, — зикр намуд дар интиҳои кори конференсия Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят. — Исми бонувони қаламкаши хатлонӣ Валентина Астафйева, Шарифамоҳ Кишварова, Олга Попова, О. И. Боброва, Ҳуриннисо Ализода, Адолат Амирова, Туҳфа Аҳмадова, Тоҷинисо Давлатова, Муҳаббат Мирзораҳимова, Нуриннисо Муртазоева, Наталя Ниёзова, Ҳусния Ҳафизова, Асалмо Сафарова, Латофат Чориева, Шарофати Дониёр, Шарофат Худойдодова, Дилором Маҳкамова, Ҳангомаи Исмат, Махфират Шоимова, Адолат Сайфуллоева ва даҳҳо нафари дигар дар саҳифаҳои таърихи матбуоти Хатлонзамин сабт гардида, умедворем, ки насли нави бонувони журналист ҳам пайрави мактаби эҷодӣ, таҷриба ва маҳорати нигорандагии онҳо хоҳад буд.
Барномаи ҳунарии аҳли санъати Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар қисмати фарҳангии ҳамоиши идонаро ҷилои бештар бахшид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон