Масъулини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав дар миёнаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нахустин шуда маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро анҷом доданд.

  Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд. Ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар маркази ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини Комиссариати ҳарбӣ, волидони сарбозони оянда ҷамъомад ва барномаи фарҳангӣ доир гардид. Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нуриддин Садриддинзода ва волидони сарбозон хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ, ифтихор аз давлатдорӣ  ва садоқату эҳтиром ба ватани маҳбуби худ унвони карданд. Ҳамаи ҷавонон ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд. Хотиррасон бояд кард, ки даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола 1-октябр оғоз ёфта то 30-ноябр идома меёбад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here