Заркорони ноҳияи Данғара аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд.

Пахтакорони ин ноҳия 8303 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супоридаанд, ба 100%-и дурнамо баробар аст. Данғара чаҳорумин ноҳия дар вилояти Хатлон ва дар ҷумҳурӣ аст, ки дурнамои ғунучини ҳосили “тиллои сафед”-ро ба иҷро расонидааст.

Ҳарчанд Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷамъоварӣ шудани беш аз 200 ҳазор тонна пахта иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилоят, то 21 октябр 198 ҳазору 127 тонна пахта ба нуқтаҳои қабул супурда шудааст. Ин нишондиҳанда ба 72%-и дурнамои солона баробар аст.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Тибқи арзёбии Ситоди вилоятии «Ҳосил-2019», ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 15 рӯзи аввали моҳи октябр ҷамъбаст намуд, барои ба андозаи 2870,2 тонна супоридани пахта ва 34,57 фоиз таъмин намудани дурнамои 15-рӯзаи пахтасупорӣ ноҳияи Данғара сазовори ҷойи якум дониста шуда буд.

Ба ин муносибат рӯзи 17 октябр ба раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар вазъи тантанавӣ Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here