Тибқи нақшаи кории Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба 21-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар миёни толибилмон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намудҳои Шашка, Шоҳмот доир гардида, ба иштирокчиён ифтихорномаҳо супорида шуданд.

  Ҳамзамон дар муассисаи таълимии томактабии №20-и шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо муассисаи томактабии   №16 мусобиқаи варзишии «Офарин» доир гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии болозикр дар васфи Ватан, Сулҳ, Модар, Ваҳдат шеъру  сурудҳо хонданд. Дар фарҷоми чорабинии варзишии «Офарин» ба иштирикчиёни дастаҳо Кубок ва Медал супорида шуданд.

  Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим мебошад.                   

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here