Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар чемпионати вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва мусобиқаи волейбол байни бонувон ва дар ноҳияи А. Ҷомӣ чемпионат оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтани ҷашнҳои милливу давлатии “Рӯзи модар” ва Наврӯзи байналмилалӣ, ҷалб намудани сокинони вилоят ба машғулиятҳо, мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилоят «Хатлон-1» мебошад.

Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда беш аз 240 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Аз намуди волейбол байни бонувон дастаҳои ноҳияи Ҷ. Балхӣ зинаи аввал, Кӯшониён зинаи дуюм ва дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибон бо диплому медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сафароз гардонида шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here