Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди интихобӣ оид ба “Вазнабардорӣ”, байни наврасони то 17 сола баргузар гардид.
Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб доир гардида, дар ин мусобиқа 5 даста аз ҳисоби писарон дар ҳайати 40 нафар 2 дастаи бонувон дар ҳайати 10 нафар ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба “Вазнбардорӣ” ҳамагӣ 50 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар доираи нақшаи тақвимии баргузории чорабиниҳои варзишӣ, санаи 1-2-юми феврали соли 2019 бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Кӯлоб оид ба “Варзиши сабук”-ро, байни наврасону ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор намуд.
Бояд тазаккур дод, ки оид ба “Варзиши сабук” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид ва дар ин мусобиқа 6 даста дар ҳайати 68 нафар варзишгарон, ки аз ин шумора 27 нафарашонро бонувон ва 41 нафарашонро писарон ташкил медоданд, гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаҳо варзишгарони ғолиб бо медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.