Тибқи нақшаи кори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2018, ҳар моҳ бо иштироки мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, кормандони дастгоҳи сардори Раёсат, зерсохторҳо ва шахсони даъватшуда, ҷаласаи мушовараи Раёсат доир мегардид.
Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳ ҷаласаи навбатии Раёсат доир гардид, ки дар он ҳафт масъалаи нақшавӣ ва 3 масъали баррасӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи мушовара роҳбарони гурӯҳҳои таъсисёфта маълумотнома ва лоиҳаи қарор пешниҳод кард.
Пас аз баррасию ҳаматарафа муҳокима ёфтани масъалаҳои пешниҳодгардида, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.