Ҳамдиёрони азиз!

Вилояти зархези Хатлон бо захираҳои бузурги табиӣ ва дастовардҳои шоёнаш дар соҳаи кишоварзӣ машҳур гаштааст. Ин обрӯю эътиборро кишоварзони хатлонӣ тӯли даҳсолаҳо бо заҳмати садоқатмандона ва рӯҳи хастагинопазири худ ба даст овардаанд. Анвои зиёди маҳсулоти озуқавории мамлакат маҳз дар ҳудуди вилояти Хатлон парваришу истеҳсол мегардад ва саҳми кишоварзони сарбаланди вилояти мо дар таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас мебошад.

Бо дарназардошти ҳанӯз ҳам идома доштани пандемияи бемории сироятии коронавирус дар ақсои олам, вазъи таъмини аҳолии кураи замин бо маводи ғизоӣ ба эътидол наомада, тибқи пешгӯии коршиносон, эҳтимоли дар фасли сармо камчин шудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва баланд рафтани нархи он дар аксари кишварҳои ҷаҳон мавҷуд мебошад. Аз ин рӯ, таъкидҳои асосноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи дусолаи маводи озуқа амри зарурӣ буда, даъват менамоем, ки дар якҷоягӣ, аз ҷумла кишоварзон, боғдорон ва ҳар як хонаводаи вилоят то фаро расидани зимистон дар вусъати корҳои саҳроӣ, саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулот ва бо истифода аз усулҳои мухталиф захира намудани маҳсулоти ғизоӣ фаъол бошем.

Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид месозанд, ки андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, фаровонии бозорҳо, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим мебошад.

Ҷойи шубҳа нест, ки соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷет мебошад. Моро мебояд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Пахта яке аз зироатҳои асосии соҳаи растанипарварии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, имсол дар вилоятамон дар майдони 124 ҳазору 175 гектар пунбадона кишт шудааст.

Тибқи пешгӯиҳои мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ, имсол сармо ва боришот пештар аз ҳарвақта фаро расида, дар сурати саривақт тадбирандешӣ накардан ҳосили дастранҷи марди деҳқон метавонад талаф ёбад. Бинобар ин, аз тамоми аҳли ҷомеа даъват мекунем, ки дар ҷамъоварии ҳосили «тилои сафед», ки бойигарии давлат маҳсуб гардида, барои ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, ба марди деҳқон кумак расонем.

Мо бовар дорем, ки иқдоми навбатии “60 рӯзи меҳнати зарбдор” аз ҷониби мардуми шарафманди вилояти Хатлон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда, дар ҳамдастӣ дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта сарбаландона ва қабл аз муҳлат иҷро мешавад.

Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ҳамеша анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи меҳнати босубот ва бунёдкориву созандагӣ ҳифз намуда, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид барои рушди Ватани азизамон саҳми хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Муроҷиатнома дар иҷлосияи сеюми
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,
даъвати шашум, 30 сентябри соли 2020 қабул шудааст.