Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз таҷдиду азнавсозии роҳи деҳаи Ҳасан Қурбони Ҷамоати деҳоти Тугарак дар ноҳияи Восеъ боздид ба амал овард.
Маълумот дода шуд, ки роҳе, ки мумфарш карда шуда истодааст, 4 км масофа дошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри саҳм гузоштан ба ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ҷамоати мазкур бунёд гардида истодааст.
Зимни суҳбати сарироҳӣ бо соҳибкорон Раиси вилоят барои чунин иқдоми наҷибонаю ватандӯстона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.