Дар доираи сафари кории худ ба музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Сиан – маркази маъмурии ин музофот бо зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ дидору мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят аз аҳволи донишҷӯёни мактабҳои олии Сиан, шароити зисту таҳсили онҳо пурсон шуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло ва интизоми намунавӣ ҳидоят намуд.

IMG-f9f5953b5b36f65dacd6fb46e0509832-V.jpg — Ватан аз шумо – мутахассисони баландихтисоси оянда умеди зиёд дорад, — зикр кард Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоташ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ. – Дар баробари таҳсили хуб, бояд тавре кору рафтор намоед, ки обрую нуфузи Тоҷикистони азиз боз ҳам боло равад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои таҳсилу касбомӯзии ҷавонони кишвар, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат, фароҳам овардааст. Аз ин ғамхориҳои давлат пурсамар истифода баред. Мо ҳамеша омодаи дастгирии шумо ҳастем. Муҳим ин аст, ки илму дониш андӯзед ва мутахассиси касбӣ шуда ба Ватан баргардед.

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Сиан таҳсил мекунанд, бо рӯҳбаландӣ аз вохӯриашон бо раиси вилояти Хатлон итминон доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Сиан маркази маъмурии музофоти Шэнсӣ буда, бо таърихи беш аз сеҳазорсолаи худ пойтахти фарҳангии Хитой низ маҳсуб мегардад. Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон созишномаи бародарвилоятӣ доранд. Ҷавонони тоҷик асосан дар риштаҳои нафту газ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар ихтисосҳои дақиқи мактабҳои олии музофоти Шэнсӣ таҳсил мекунанд.

Сафари кории раиси вилояти Хатлон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба музофоти Шэнсии Хитой идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here