Рӯзи 24.08.2018 дар Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон, муҳтарама Хидирзода М.У бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид.

   Гурӯҳи кории тарғиботии мазкур дар асоси Амри раиси вилояти Хатлон аз 6 августи соли 2018, № 21 таъсис ёфта, бо мақсади тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят бо мардум мулоқоти судманд анҷом доданд.

   Баъд аз тамошои дастаҷамъонаи филми «Сад пушаймонӣ аз Сурия» иштирокчиён, хусусан ҷавонон доир ба аъмоли ношоиста ва гумроҳии бархе аз ҳамватанонамон изҳори андеша ва кирдори номатлуби онҳоро маҳкум намуданд.

Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат суханронӣ ва чорабиниро ҷамъбаст намуд.

20180824_101404-1-min.jpg

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here