13 феврал Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Муъминобод мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст.
Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2020 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ изҳор доштанд, «дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем”.
Қурбон Ҳакимзода ҳамзамон изҳор дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда рушди соҳаҳои сайёҳив, роҳсозӣ ва саноат
Имсол аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳи мошингарди Муъминобод Чилдухтарон дар масофаи 20 км мумфарш мегардад.
Раиси вилоят бо назардошти имконот ва зарфиятҳои ноҳияи Муъминобод ба роҳбарияти ноҳияи ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав, истифодаи самараноки замин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришҳо дод.