Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 20 сентябр, ҳайати намояндагони лоиҳаи “Беҳтар намудани устувории иҷтимоиву иқтисодӣ”-и Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии хонум Глория Ла Кава – мутахассиси калон оид ба рушди иҷтимоӣ, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки 16 сентябри соли ҷорӣ ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади пешбурди кори муштарак бо намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд.

Мулоқоти раиси вилоят бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ

Дар доираи сафар ба Тоҷикистон, ки то 28 сентябр идома мекунад, ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади боздид аз мавзеъҳои қаблан интихобшуда барои фарогирии ҷавонони маҳаллӣ ба омӯзишу пешбурди соҳибкорӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ дидан намуданд.

Хонум Глория Ла Кава қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар сурати аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтан, омода аст, дар ҳар яке аз шаҳру навоҳии зикршуда се муассисаро бо мақсади фароҳамоварии шароит барои омӯзиш ва роҳандозии соҳибкории ҷавонон қисман таъмиру бо таҷҳизоти техникӣ, дастгоҳҳои электрикӣ, фанноварии рақамӣ, компутарҳо таъмин намояд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо изҳори омодагӣ ба ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, фароҳамории шароити мусоид барои боло бурдани маҳорату малакаи соҳибкории онон мунтазам тадбирандешӣ мекунад.

— Бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон, қасрҳои фарҳангӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, корхонаҳои саноатӣ, қабл аз ҳама, барои таъмини шароити мусоиди кору зиндагии ҷавонон пешбинӣ шудааст, — афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам муаммоҳои марбут ба бекорию муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон мавҷуданд. Дар ҳаллу фасли ин масъала чораандешии муштараки тамоми ақшори ҷомеа муҳим мебошад.

Дар рафти мулоқот коршиносони Бонки ҷаҳонӣ фикру мулоҳизаи худро нисбат ба самарабахшии лоиҳаи  “Беҳтар намудани устувории иҷтимоиву иқтисодӣ” баён намуд. Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур пас аз ба тасвиб расидан, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди амал қарор мегирад. Ҳазинаи ин тарҳ 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, барои корҳои таъмиру навсозии биноҳои интихобшуда то 100 ҳазор доллар ихтисос дода хоҳад шуд.

Тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ, бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, мусоидат ба пешрафти соҳибкории ҷавонон, ташкили шароити мусоид барои рушди шахсии наврасону ҷавононро мавриди муҳокима қарор доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here