19 майи соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ҷавонони вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот раиси вилоят ба сухан баромада, қайд намуд, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди нерӯи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат, шароити мусоид фароҳам меорад.
Рӯзи ҷавонон натанҳо ҷашни Шумо балки ҷашни кулли мардуми шарафманди вилоят аст. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳозирини арҷманд ва ҷавонон саодатманди вилояти Хатлонро ба ин муносибат самимона таҳният гуфта, бароятон хушбахтию сарфарозӣ, комгориву нишоти умрро таманно дорам.
Ҷаҳони имрӯза, ки дар набарди муборизаҳои шадиди иттилоотии қарор дорад, пеш аз ҳама, ба афкори солиму созандаи насли ҷавони ҷомеа, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳамчун созандагони фардои давлатдории миллии тоҷикон баҳогузорӣ шудааст, иртиботи қавӣ дорад.
Воқеан, рушди босуботи ҷомеаи имрӯза ва камолоти маънавии шумо, ҷавонони иззатманд, дар роҳи истиқлолхоҳӣ, арҷгузории қавӣ ба арзишҳои миллӣ, муҳаббати сидқӣ ба Ватани маҳбубамон, ҳифзи марзу буми кишвар боз ҳам устувортар мегардад.
Аз ин рӯ ба Шумо ҷавонони саодатманди Хатлонзамини бостонӣ, ки як узви Тоҷикистони азиз ҳастед, бо итминони комил муроҷиат намуда, сидқан боварӣ дорам, ки ҷавонони хатлонӣ бо нерӯи асили тоҷикона дар роҳи тақвияту пойдории музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша омодаед.
Боиси сарфарозист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ҷашни муқаддасу таърихӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро бо таъкиди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.
Таҷрибаҳо нишон дод, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар шароити имрӯза ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки маҳз рисолати бузурги ватандорию масъулиятшиносӣ, тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи онҳо метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд.
Миллати тоҷик дар масири таърих бо урфу одат, забону фарҳанг, Нишону Парчам ва хираду таҷрибаи рангинаш миёни халқияту миллатҳои гуногун муаррифӣ гардида, дастовардҳои ниёгонро то ба замони имрӯза бегазанд ҳамчун мерос ҳифз намудааст. Ҷавонони бонангу номус ва ватандору ватансози замони соҳибистиқлолии вилоятро лозим аст, ки бо ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллимон истодагарӣ карда, онҳоро неъмати бебаҳо пос доранд.
Таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои то соли 2030, Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2018-2022, таъсиси Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёну хонандагони аълохон, квотаи Президентӣ барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳими давлатие мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат равона гардидааст.
Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд. Таъсиси стипендияи раиси вилояти Хатлон барои олимону муҳаққиқони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси Ҷоизаи махсуси вилоятӣ барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи илмҳои тиб, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бунёди мактабҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон, ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ, аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки ба баланд бардоштани малакаву таҷрибаи корбарии ҷавонон ва таҳкими донишу ҷаҳонбинии онҳо равона гардидааст.
Тибқи омори расмӣ шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1026145 нафарро ташкил менамояд. Аз ин теъдод 338636 нафар ҷавонони вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад, ин таҳсили ҷавонон дар хориҷи мамлакат мебошад. Барои муҳайё намудани имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар шароит фароҳам оварда шуда, дар риштаҳои гуногуни муассисаҳои таълимии хориҷӣ дар соли таҳсили 2020-2021-ум 2460 нафар ҷавонон таҳсили илм доранд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 984 нафар зиёд мебошанд.
Соли таҳсили 2020-2021 дар вилоят 49 муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар онҳо зиёда 85 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз аз рӯи беш аз 150 касбу ихтисосҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Муассисаҳои олии вилоят баҳри омода кардани кадрҳои ихтисосманд дар соҳаҳои мухталиф фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд, ки баҳри коҳиш додани норасоии кадрӣ нақши муносиб дорад.
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи дастгирии кадрҳои ҷавони дар вилоят диққати махсус равона гардида, аз шумораи умумии 2971 нафар хизматчиёни давлатӣ 970 нафари онҳоро ҷавонон ташкил менамояд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳамаи самтҳо ҷавонон дастгирӣ меёбанд ва ин иқдомҳо онҳоро ҳавасманд карда, саҳмгузории ҷавононро дар рушду пешрафти Тоҷикистон ва ободонию бунёдкориҳо бештар менамояд.
Ба ҳолати имрӯза шумораи вакилони ҷавони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 238 нафар мебошанд, ки нисбати даъвати гузашта 138 нафар зиёд аст. Дар ҳайати маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо бошад, ҷавонон 765 нафар буда, нисбати даъвати гузашта 340 нафар бештар гардидаанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сол аз сол дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи ҷавонон муваффақтар мегардем ва барои онҳо имконияти бештар фароҳам оварда мешавад.
Дар доираи ин дастгириҳо ҳамасола ба зиёда аз 200 нафар устодону олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони аълохон стипендияи номии раиси вилояти Хатлон тақдим карда мешавад.
Аз соли 1997 то инҷониб наздик ба 8730 нафар (аз ҷумла 5267 нафар духтар ва 3463 нафар писар) ҷавонони вилояти Хатлон дар баробари дигар ҷавонони кишвар тибқи Квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсили илм намуда, аз ин шумора беш аз 5690 нафарашон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.
Боиси хушнудии зиёд аст, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат дар самти ҷавонон соли 2016 дар вилояти Хатлон Шӯрои олимони ҷавон таъсис ёфт, ки дар самти ҷалби ҷавонон ва ҳимояи ташаббусҳои илмии онҳо дар ҷомеа амал намуда истодааст.
Шумораи умумии олимони ҷавони дорои дараҷаҳои илмӣ дар сатҳи вилоят 63 нафарро ташкил менамояд.
Бо мақсади датсгирӣ ва ҳавасмандии ҳарчи бештари муҳақиқони ҷавон, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо мекунанд Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар баробари ин ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон, алалхусус омӯзгорони дар деҳот фаъолиятдошта низ як силсила имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи солҳои 1996-2020 ҷиҳати амалигардонии имтиёзҳои муқарраргардидаи омӯзгорони ҷавон дар маҷмӯъ ба 2718 нафар, аз ҷумла ба 2070 нафар қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ба 145 нафар қитъаи замин барои полезкориву боғдорӣ ва ба 503 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзноки бонкӣ дода шудааст.
Соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоятро дар маҷмӯъ наздик ба 15 ҳазор нафар мутахассисони сатҳи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ тайёр намуданд, ки аз ин шумора наздик ба 300 нафари онҳо муассисаҳои таълимии касбиро бо диплом ва шаҳодатномаи аъло хатм карданд. Ҳамаи ин мутахассисони ҷавони донишмандро бо муваффақияташон самимона табрик мегӯем ва бо онҳо ифтихор дорем.
Соли 2021, соли таърихиву аз ҳама ҷиҳат фаромушнопазир аст, зеро рӯзҳои наздик мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст, ки ба тантанаҳои ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20- солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷилои тоза мебахшад.
Ёдовар бояд гардид, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби 68 нафар ҷавонони соҳибкор бунёди 70 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 41 иншоот ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 29 иншооти дигар бо маром идома дорад.
Мо имрӯз аз соҳибкорони ҷавони саховатманду ҳимматбаландамон, аз ҷумла Шоев Далер аз шаҳри Кӯлоб (майдончаи варзишӣ), Одилов Олим аз шаҳри Норак (маркази савдо ва кошонаи ҳусн), Ѓозиев Садриддин (бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом) аз шаҳри Левакант, Акрамзода Юсуф аз ноҳияи Данѓара (бинои ду ошёнаи маркази хизматрасонии маишӣ), Солиев Комрон аз ноҳияи Данѓара (меҳмонхонаи панҷ ошёна), Шамсов Сулаймон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (маҷмааи варзишӣ), Давлатов Дилшод аз ноҳияи Кӯшониён (майдончаи варзишӣ, маркази савдо ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ), Зоиров Ҷамшед аз ноҳияи Дӯстӣ (коргоҳи дӯзандагӣ ва нонпазӣ) Сафаров Зуҳуршоҳ аз ноҳияи Муъминобод (майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ), соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Бекмуродзода Ѓолибҷон (маркази ташхисию табобатӣ, майдончаи варзишӣ), Саъдуллоев Абдураҳмон (бунёди муассисаи ду ошиёнаи таълимӣ), соҳибкорони ноҳияи Восеъ Муминов Насим (корхонаи шифербарорӣ), Файзов Маҳмуд (корхонаи истеҳсолии хокаи ҷомашӯӣ) Қобилзода Нодир (10 синфхонаи иловагӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, чоҳи амудӣ), Аҳтамзода Абдусаттор (кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдо), Давлатов Хурсанд (майдончаи варзишии болопӯшида) ва даҳо нафари дигар ифтихор дорем, ки дар ободии Ватан саҳм гузошта истодаанд.
Ман сипосу миннатдории худро ба ҷавонони ба нангу номуси вилоят баён менамоям ва умед дорам, ки дар ободонию шукуфоии меҳан минбаъд низ бо азми дучанд саҳми муносиби худро мегузоранд.
Инчунин қобили зикри хос аст, ки шумораи зиёди ҷавонони ихтиёрӣ дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ рӯзҳои аввали моҳи май дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Вахш, Восеъ, Фархор, Данѓара, Шамсиддин Шоҳин фаъолона ширкат намуда, дар паҳлуи зарардидагон қарор доштанд ва саҳми худро дар ин ҷода гузоштанд. Чунин муносибати ҷавонмардонаю башардӯстонаи ҷавонони хатлонӣ боиси таҳсину офарин аст.
Варзиш низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатист, ки бе иштироки фаъоли ҷавонон рушд карданаш имконнопазир аст.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди 590 иншоти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то кунун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 толори варзишӣ, 304 майдончаи варзишӣ ва 36 адад майдончаи бозии кӯдакона, дар маҷмӯъ 396 иншооти гуногуни варзишӣ бо шакли муосир ба истифода дода шудаанд, ки наврасону ҷавонон пурра аз онҳо истифода мебаранд.
Ҳамчунин тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як деҳа, ки на камтар аз 100 хоҷагӣ дорад, бунёди 1 майдончаи варзишӣ, як бунгоҳ ва як боѓчаи бачагона бояд то соли 2030 ба анҷом расонида шавад. Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва ҷалби дигар сармоягузорон тадбирҳо заруриро рӯи даст гирифтааст. Бо ҷалби мутахассисон корҳои лоиҳакашӣ оѓоз гардида, дар ин самт корбарӣ идома дорад. Ҳадафи ин иқдом фароҳам овардани шароити созгор барои ҳифзи сиҳатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ дар деҳот мебошад.
Ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он башорат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин самти муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, он дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.
Иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯѓи маърифат” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии вилоят, аз ҷумла наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Баҳри дастгирии довталабон ба даври вилоятии озмунҳои болозикр аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зиёда аз 40000 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ѓолибони озмунҳо волидайн ва омӯзгорону шахсоне, ки онҳоро омода мекунанд бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Боварӣ дорам, ки ҳамаи Шумо ҷавонони фозилу донишманди вилоят дар озмунҳои мазкур фаъолона ширкат варзида, бо истеъдоди баланди худ дар даври вилоятиву ҷумҳуриявии озмунҳо вилояти Хатлонро хуб муаррифӣ мекунед. Чунин озмунҳо аз як ҷиҳат барои сайқали донишу малака мусоидат кунад аз тарафи дигар дар шинохт ва ташаккули эҳсоси ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо — ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.
Мо ифтихормандем, ки имрӯз ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар ҷавонони ҷасуру қавирӯҳи вилояти Хатлон сарбаландона хизмати модар-ватанро адо мекунанд. Намунаи олии хизмати содиқона ба Ватанро мо дар мисоли сарҳадбонони тоҷик дидем, ки даҳаи охири моҳи апрел дар қазияи Ворух қаҳрамонона аз марзу буми диёр дифоъ карданд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ёди он сарбозону афсарони марзбонеро, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру диловари худ ҳамеша ифтихор хоҳад дошт.
Ҷавонони азиз, фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният, субот, Истиқлолият ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки дар ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтаанд ва ҳамаи онҳое, ки то имрӯз шуҷоатмандона хати сарҳади давлатиро дифоъ мекунанд, дар ҳақиқат қаҳрамонони замони худ буда, хизмати онҳо аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Таъкид месозам, ки сарчашмаи ватандӯстию мардонагии сарҳадбонони қурбоншуда маҳз аз тарбияи дурусти волидайн ва содиқ будани онҳо ба ин марзу буми меҳан гувоҳӣ медиҳад.
Самимона изҳори сипосу миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба волидайни марзбонони ҳалокшуда баён менамоям.
Бояд ҳар як ҷавони бонангу номус, қавииродаю ватанпарвар аз мактаби мардонагию далерии сарбозону афсароне, ки дар марз барои ҳимояи марзу буми сарзамини аждодӣ, таъмини амну суботи ҷомеа ва рузгори осоиштаи мардуми шарафманди диёр қарор доранд, сабақи далерию ҷавонмардӣ гирифта, дар ҳимояи ҳар як каф хоки Тоҷикистони азиз омода бошад.
Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.
Чунончӣ, китоби муқаддаси Авасто ҳар фарди бедордилу худогоҳро даъват намудааст: «Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун!»
Ман ба ҷавонони ба нангу номус ва худшинос, ватандӯстӣ вилояти Хатлон баҳри ҳифзи хоки муқаддаси меҳан ва посдоштани арзишҳои миллӣ эътимоди комил дорам.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо меҳоҳам иброз дорам, ки маҳз ватандӯстию масъулияти баланди шаҳрвандии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данѓара, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин нишон дод, ки дар мавсими баҳорӣ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони рӯҳан ва ҷисман тарбияёфта дар рӯзи аввал иҷро гардид, ки изҳори сипосу миннатдории худро ба волидайн ва ҷавонони ватандӯстӣ шаҳру ноҳияҳои болозикр баён менамоям.
Масъулони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва сохторҳои далдорро зарур аст, ки дар ин самт корбариро пурзӯр карда, ба василаи ташкили суҳбату вохӯриҳо дар замири ҷавонон муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ, чун ваҳдату Истиқлолияти миллиро парваранд, то дар ҳимояи марзи кишвар ва иҷрои рисолати шаҳрвандӣ диловару ҷасур бошанд.
Ҳар як ҷавон бояд баҳри дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи сазовори худ андеша карда, ба таври возеҳ дарк намояд, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозад.
Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд.
Рушди технологияи замони имрӯза тақозо менамояд, ки ҷавонони мо бояд аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд ва дар ҷангҳои сарди иттилоотӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, зеро гурӯҳҳои ифротию даҳшатафкан бештар ба мағзшуии ҷавонон равона гардида, бо роҳҳои гуногун онҳоро ба ҷинояту ҷинояткорӣ, даст задан ба амалҳои ношоиста ҷалб менамоянд.
Чанде пеш дар кишвари ҳамсояамон Афѓонистон ҳодисаи нангбор рух дода, дар натиҷа 38 нафар духтаракони чун шукуфаҳои навруста, ки аз 12 сол беш умр надида буданд, аз дасти ифротиён ба ҳалокат расонида шудаанд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ ҳамаи шумо бархурдоред.
Ҷавонони азиз, ҳар лаҳза шукр гӯед, ки давлати моро Пешвои миллатсоз ва хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад. Пешвои миллат ин ҳодисаи ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротии ҳамсоякишварро маҳкум намуда, қайд карданд:
“Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист”.
Чунин амалҳои гушношунид тақозо менамояд, ки тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонон бояд гирди ѓояҳои ватандӯстонаю инсонпарварона, сулҳҷӯёнаю ваҳдатсози Роҳбарияти олии сиёсии кишвар мутаҳид гардида, ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти хатарноки номатлуб иттифоқи нерӯ нишон диҳанд.
Имрӯз ҷавонони Хатлонзамини бостон бо иродаи қавии сиёсию ҳуқуқӣ, масъулияти баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ дар пайравӣ ба мактаби инсондӯстонаю шуҷоатмандии Пешвои муаззами миллат бар зидди ҳамагуна гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони давлату миллат истодагарӣ намуда, бо далелҳои дақиқ ба ҳуҷуми иттилоотии онҳо, буҳтону суханҳои нопок ва ѓаразашон вокуниш нишон дода истодаанд. Саҳми Набизода Эмомалӣ, Саймуродов Шарифхон, Самандари Раҷабалӣ, Беҳруз Бобоев, Шарифзода Муҳаммад, Дилшод Мадалиев, Тоҷиддин Қурбонов, Амирзода Аловуддин, Зубайдуллозода Фароѓат, Иброимзода Бахтиёр, Комрони Бахтиёр аз шаҳри Бохтар, Орзу Ҳамидов, Оминаи Рустам, Суярзода Мафтуна, Латифов Манучеҳр, Мубораки Қосим, Дилором Файзова аз шаҳри Кӯлоб, Ҳусейнзода Фаридун, Азамат Зайниддинов аз шаҳри Норак, Асадуллозода Самиалоҳ, Шораҳимзода Муҳаммад, Суҳроб Тоирзода, Кароматулло Раҳматов, Лашкар Шарифзода аз ноҳияи Данѓара, Ҷумахони Бобохон, Бахтовари Диловар аз ноҳияи Муъминобод, Назаров Ҷурабек аз ноҳияи Қубодиён, Муъминов Саидҷон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаромуз Бобоев, Манучеҳр Ҳасанов аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҷамшеди Каримиён, Аҳмадҷон Раҳимзода аз ноҳияи Ховалинг, Басфия Умарзода, Парвиз Азимов аз ноҳияи Кӯшониён, Зубайдов Маҳмадшариф аз ноҳияи Ҷайҳун, Сидиқов Ѓолибҷон аз ноҳияи Хуросон, Шаҳбозӣ Сайалӣ аз ноҳияи Шаҳритуз, Неъматзода Фарзона, Султонов Бахтиёр, Шодибеки Идӣ аз ноҳияи Восеъ Ҷалолов Наврӯз, Ятимова Рухшона аз ноҳияи Фархор дар муборизаҳои иттилоотӣ назаррас аст.
Тавре мушоҳида карда мешавад фазои иттилоотии ҷаҳонро шабакаҳои иҷтимоӣ пурра карда, диқати ҷавононро ба худ ҷалб намудаанд, зеро ҳамсуҳбат ва ё маводҳои диққатҷалбкунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст ва онро бояд ба нафъӣ худ ва ҷомеа истифода бурд.
Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми тадбирҳои ҳадафмандро ҷиҳати дастгирӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои кору зиндагии табақаи ҷавони ҷомеа фароҳам овардааст.
Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Дӯстӣ марказҳои фарҳангии ҷавонон бо тарҳи муосир мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди марказҳои фарҳангии ҷавонон идома дорад, ки дар оянда баҳри рангоранг шудани ҳаёти фарҳангӣ, фароғатию таълимӣ ва таъминоти иттилоотии ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.
Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд.
Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлатии худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ёдовар мегардам, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таъмини барномаи озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад. Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ дар ин самт назаррас буда, барзгарон бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин карда истодаанд.
Дар ин самт саҳми ҷавонони ташаббускор шоистаи таҳсин буда, дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва амалшавии ин ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар сафи пеш қарор доранд.
Соли 2021, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун «Соли ҳалокатбор ва мушкилиҳои вазнину бесобиқа» аз қабили хукшксолӣ, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ эълон гардидааст. Ҷавонон, ки як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд, вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада шуморо даъват мекунам, ки дар баробари таҳсил ва дар идораю ташкилот, муассисаю корхонаҳо фаъолиятдоштан, инчунин дар раванди истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, наздиидоравӣ, президентӣ ва дигар қитъаҳои барои кишт мусоид барои ба даст оварди накам аз ду се ҳосил аз қитъаҳои ҷудогона саҳми беандоза гузоред.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бемории сирояти нави коронавирус ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш дароварда, ҳатто дар ташхису табобати ин беморӣ табибон оҷиз мондаанд.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон тавонистанд бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ авҷгирии бемории мазкурро пешгирӣ карда, аз оѓози соли 2021, то кунун дар ҳудуди вилояти Хатлон ягон нафар бемор бо ташхиси COVID-19 бақайдгирифта нашудааст.
Ёдовар бояд гардид, ки марҳилаи сеюми ин беморӣ дар давлатҳои абадқудратӣ ҷаҳон хуруҷ дошта, пешгирии он аз ҳар як фарди солим вобастагӣ дорад.
Имрӯз бояд мо фориѓбол набошем, тамоми қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ ҳатман истифода барем. Дар шароити имрӯза амали ихтиёриёни ҷавонон барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ саривақтӣ буда, зарур аст, ки ҷиҳати тақвияти дарку фаҳмиши моҳияти хатари бемории болозикр корҳои оммафаҳмонӣ дар миёни ҷавонон вусъат бахшида шавад.
Дар баробари пешравию муваффақиятҳо инчунин масъалаҳое низ ҳастанд, ки боиси ташвишу нигаронӣ мебошанд. Аз ҷумла коҳиш наёфтани бемориҳои сироятии норасоии масъунияти одам, сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, косташавии ахлоқ, бемаврид истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тақлид ба фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ ва тундравии дини ва масъалаҳои ба ин монанд бояд мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирандешии мову шумо қарор бигирад.
Дар баробари мақомоти дахлдори давлатӣ падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, доир ба пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон тадбирҳои муассир андешанд.
Таъкид месозам, ки ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳо вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад.
Тарзи ҳаёти солим ва масъулияти тарбияи ҷавонон барои пойдории амнияти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, моро водор месозад, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон ва наврасон бетараф набошем ва дар рушду такомули ҷисмонию маънавии онҳо саҳми муносиб гузорем.
Имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии шумо — ҷавонон вобаста аст.
Аз ин рӯ, бояд шумо бо ғояҳои солим ва афкори пешбарандаи худ дар бунёди давлати мутараққӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ инкишофёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоред.
Мутмаинам, ки шумо — ҷавонон ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ меомӯзед. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд.
Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи шумо — ҷавонон вобаста аст. Шумо бояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик нагардед, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошед.
Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Ватани азизу соҳибистиқлоли мо мебошад.
Бо ҳамин нияти нек ҳамаи шуморо ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси Хатлонзамин сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, саломатии бардавом, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям.