Имрӯз, 20 ноябр, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо ҳайати Филиали ташкилоти байналмилалии ГОПА дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Елена Максименко сурат пазируфт.
Хайрулло Амонулло ҳайати меҳмононро ба Бохтар хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки тӯли чанд соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ бо Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории пурсамареро роҳандозӣ намудааст. Ҳадафи умумии ин лоиҳа ҳимояи ҳуқуқи инсон (занон, мардҳо, кӯдакон), тавассути таҳкими нақши Ҳукумат дар аксуламал ба зӯроварии хонаводагӣ, инчунин беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти фавқуззикр мебошад.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила байни мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Ҷиҳати татбиқ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111, “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” дар вилоят Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таъсис дода шуда, “Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023” таҳия ва қабул гардидааст. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иборат аз 19 нафар аъзо: масъулони суди вилоят, прокуратураи вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, рӯзномаи “Хатлон” ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор буда, ҳар сол на кам аз чор маротиба ҷаласаи Шӯро доир мегардад. Чунин Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят низ таъсис дода шудааст.
Елена Максименко, директори филиали ГОПА дар Тоҷикистон, аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки дар доираи амали Лоиҳаи пешгирии зӯровадӣ дар оила аз соли 2016 то инҷониб дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, марказҳои ёрирасон, марказҳо ва бахшҳои офиятбахшию тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати беҳтар намудани роҳҳои хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила омӯзишҳо гузаронида шудааст.
Елена Максимено ҳамчунин зикр намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани таъсирбахшии корҳо дар ин самт мунтазам рекламаҳои иҷтимоӣ дар билбордҳо дар шаҳру ноҳияҳо насб шудаанд, ки ҳар се моҳ иваз карда мешаванд. Тӯли солҳои 2016-2018 аз ҷониби сохторҳои ваколатдор якҷоя бо ташкилоти PDV зиёда аз 25 ҳазор варақаи иттилоотӣ паҳн карда шудаанд.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло қайд кард, бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишору зӯроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, ҷалби духтарон ба мактаб, ба касбомӯзӣ, пешгирии никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз ҳисоби занони фаъол, имомхатибон, собиқадорони меҳнат, ҳуқуқшиносон, равоншиносон, табибон ва дигар намояндагон гурӯҳҳои мақсаднок аз рӯи усули “Хона ба хона” таъсис дода шуда, то ин муддат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, кӯчаю корхонаҳо муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо наздики 60 ҳазор оилаҳо вохӯрию суҳбат доир карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
— Хушбахтона, сатҳи огоҳии аҳолии чандин шаҳру ноҳияи вилоят доир ба масъалаи зӯроварии хонаводагӣ беҳтар шуда, занон худро таҳти ҳимояи давлат ва қонун ҳис мекунанд, — афзуд Хайрулло Амонулло. — Муҳим аст, ки бо ин дастовардҳо қонеъ нашуда, дар ин самт минбаъд низ кор барем. Танҳо дар натиҷаи ҳамкории зич ва тадбирандешиҳои муштарак бо сохторҳои дигари давлатӣ мо ба таври самараовар зӯроварӣ дар оиларо пешгирӣ намуда, татбиқи сиёсати давлатиро дар масъалаи пешгирии хушунати оилавӣ ва баробарии гендерӣ дар ҷомеа таъмин карда метавонем.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон