Имрӯз, 20 декабр, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо ҳайати намояндагони шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин доир гардид.

Ҳайати шаҳри Янлинро, ки аз намондагони ҳукумат, минтақаи намунавии кишоварзии шаҳри Янлин, масъулони ширкатҳои истеҳсолию саноатӣ ва олимони соҳаи кишоварзӣ иборат буд, Мин Тао – сардори департаменти муносибатҳои байналмилалии Минтақаи намунавии Янлин роҳбарӣ мекард.

Хайрулло Амонулло қайд намуд, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла музофоти Шэнсӣ робитаҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, пас аз ба имзо расидани Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни ин ду вилоят дар соли 2018 ин равобит густариши тоза ёфтанд.

— Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди иқтисодиёти вилоят ба соҳаи кишоварзӣ вобастагии зиёд дорад, — идома дод муовини якуми раиси вилоят. – Бо дарназардошти ин, мо ба ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои калон аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Барои соҳиби ҳақиқии замин гардонидани деҳқонон то имрӯз беш аз 68 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфтааст. Ба ҳамаи ин хоҷагиҳо дар интихоби кишти зироат, истеҳсол, коркард ва ба фурӯш баровардани маҳсулот мустақилият дода шудааст.

Дар мулоқот зикр гардид, ки алҳол вилояти Хатлон бо 34 давлати хориҷии дуру наздик алоқаи иқтисодӣ дошта, гардиши савдои хориҷӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 345,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии мардумии Чин ба 68,5 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Хайрулло Амонулло ба ҳайати чинӣ оид ба дастовардҳои вилоят дар соҳаи кишоварзӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иқлим ва захираҳои табиии вилоят, соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, имтиёзҳои давлатӣ дар самти рушди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ маълумот дод.

Ҷонибҳо доир ба фаъолияти хуби ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкатҳо аз музофоти Шэнсӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон табодули назар карда, саҳми онҳоро дар рушди саноати минтақа намоён арзёбӣ намуданд.

Мин Тао – сардори департаменти муносибатҳои байналмилалии Минтақаи намунавии Янлин, бо изҳори сипос барои пешвози гарму самимии ҳайати таҳти роҳбариаш гуфт, ки ҷониби Чин ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон дар самтҳои мухталиф алоқаманд аст. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки Минтақа (парк)-и намунавии кишоварзии шаҳри Янлин ба мисоли худ дар Чин ягона буда, асосан дар се самт фаъолият мекунад: таъсиси боғҳои парвариши мева; таъсиси гармхонаҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ; истеҳсоли хӯроки чорво.

Мин Тао зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои сафари гурӯҳи кории музофоти Шэнсӣ ба вилояти Хатлон гуфтугӯ ва тавофуқ доир ба масъалаҳои ташкили давраҳои бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ дар Минтақаи намунавии кишоварзии Янлин, табодули таҷриба, омода намудани кадрҳои соҳа дар ду донишгоҳи аграрии шаҳри Янлин, бунёди парки намунавии дарахтони мевадиҳанда дар вилояти Хатлон мебошад.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза барои таъсиси минтақаи намунавии кишоварзӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсӣ мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят   

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here