Тавре ки қаблан иттилоъ додем, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 31 декабр бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи беморхонаи рақамӣ, шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои таъиноти гуногун, мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шугнов, аёдати беморон ва табрики сокинони маҳаллӣ бо фарорасии соли нави мелодӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард.
Дар доираи ин сафар раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнов, ки соли 2019 аз тарафи соҳибкор Соҳибов Фатҳулло ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст, дидан намуд. Муассисаи таълимии мазкур барои 490 нафар дар як баст бунёд гардида, дар он 27 омӯзгор ба 611 нафар хонандагон дар ду баст дарс мегӯянд.
Зикр гардид, ки ин таълимгоҳ кӯдакони синни мактабиро аз деҳаҳои Сиёҳфарк, Дашти Рубот, Хоҷаи сабзпӯш ва Тигонов ба таҳсил фаро гирифтааст.
Соли сипаришуда 38 нафар ин муассисаи таълимиро хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестӣ 15 нафари онҳо шомили донишгоҳу донишкадаҳо гардиданд, ки 39,4%-и шумораи умумии хатмкардаҳоро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафар Қурбон Ҳакимзода бо собиқадорони меҳнат ва куҳансолони деҳаи Сиёҳфарк суҳбати гарму самимӣ доир намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт. Раиси вилоят бориши барфи зеборо дар арафаи Соли нав дар деҳоти Шугнови Ховалинг фоли нек номида, изҳори итминон кард, ки соли 2020 низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои ободонию созандагӣ вусъати бештар пайдо хоҳанд кард.
Тавре ки зикр ёфт, то соли 2021 дар ноҳияи Хлвалинг бунёду азнавсозии зиёда аз 330 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Дар давоми соли 2019 сохтмони 126 иншоот ба анҷом расонида шудааст, ки дар он миён се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду беморхонаи рақамӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳот дар деҳаи Лоҳутӣ, сохтмони амфитеатр, маҷмааи варзишӣ, ҳаммом, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, маркази ҷавонон, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, варзишгоҳ, ду осорхона, чор меҳмонхона, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази шаҳраки Ховалинг бо ҷойгиркунонии Парчам ва Нишони давлатӣ, 6 адад майдончаи варзишӣ, коргоҳи оби нӯшокӣ, ду бинои баландошёна, ду ҳавзи шиноварӣ, қабулгоҳи меҳмонон ва сайёҳон, зиёда аз 20 маркази савдо ва хизматрасонӣ, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани сокинони 12 деҳа, ба истифода додани марказҳои дандонпизишкӣ ва вируси норасоии масунияти одам, чароғонкунии маркази ноҳия ва 10 деҳа, мумфарш намудани 16 километр ва сангфарш намудани 26 километр роҳҳо, сохта ба истифода додани ду китобхона, насби 13 адад трансформатор ва 80 адад симчӯбҳо, се пули мошингузар мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи чанде аз иншоотҳои номбаршуда Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 7-8-уми августи соли ҷорӣ шахсан иштирок карда буданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд, барои корҳои ободонии то имрӯз амалинамудаашон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят