Баъд аз анҷоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард.
Нахуст, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ ва мулоқот бо сокинон гузаронида шуд.
Маҳмадтоҳир Зокирзода дар суханронии худ доир ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи дусолаи ғизои ниёзи аввалия ва дигар паҳлуҳои зисти мардуми деҳот, суханрони намуд.
Баъдан, сокинони ноҳия низ оид ба масъалаҳои зикршуда ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати ғамхоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд.
Баъд аз мулоқот, Маҳмадтоҳир Зокирзода аз заминҳои наздиҳавлигии оилаҳои Одинаевҳо ва Гулбековҳо боздид ба амал оварданд. Маълумот дода шуд, ки ин оилаҳои фаъоли ноҳия ҳамасола дар таъмини озуқавории оилаи худ пешсафанд. Аз заминҳои наздиҳавлигии худ садҳо қуттӣ консерваю афшурда ва мураббо аз маҳсулоти худ барои зимистонгузаронӣ захира мекунанд.
Зикр бояд кард, ки меҳмононро муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, раиси ноҳия Шарифзода Лутфия ва Абдуллоев Меъроҷ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №38 –и ноҳияи Муъминобод ҳамроҳӣ карданд.