Имрӯз, 22 июл, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раисон ва муовинони раисони Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар барпо гардид.
Раиси вилоят аз хизматҳои шоистаи меҳтарон дар роҳи бунёдкорию созандагӣ, тарбияи насли имрӯзаи ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ёдовар гардида, корномаи онҳоро намунаи ибрату пайравии миллионҳо нафар арзёбӣ намуд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст”.
Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисорию шуҷоатмандии диловарони тоҷик дар сангарҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарҳалин сабт ёфтааст. Дар ин набардҳо аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ҷавонон иштирок кардаанд, ки 147 ҳазори онҳо аз вилояти Хатлон буданд.
Дар муҳорибаҳо 100 ҳазор нафар, аз ҷумла аз вилояти Хатлон 40 ҳазор нафар фарзандони шуҷоъ ва баҳодури тоҷик аз майдони ҷанг барнагаштаанд.
Маҳз иттиҳодию иттифоқии миллатҳои гуногун буд, ки ғалаба таъмин гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуданд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 55 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд, ки таҳти ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо қарор доранд ва дар арафаи ҳама ҷашну маросим ба ин табақаи ҷомеа кумакҳо расонида мешавад.
— Имсол бо сабаби хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, мо натавонистем чорабиниҳои тантанавии 75-солагии Ғалаба бар фашизмро бо шаҳомату иштироки оммаи васеъ таҷлил намоем, аммо аз ҷониби Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи иди Зафар мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд, — идома дод раиси вилоят.
Чорабинии имрӯза низ идомаи мантиқии таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маҳсуб гардида, аз он далолат медиҳад, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҷӯӣ мекунанд.
Тавре ёд дорем, 24 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд. Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Федератсияи Россия медалҳои ҷашнӣ бароварда шуданд, ки 32 нафар собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон низ бо ин мукофот қадрдонӣ гардидаанд.
Сипас, маросими тақдими медалҳои ҷашнӣ ба 20 нафар раисон ва муовинони раисони Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар баргузор гардид.
Медалҳои ҷашниро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба меҳтарони меҳнат Боев Амон, Шомалангов Сайидқул, Назарова Тутихон, Назипов Рӯзӣ, Раҳимов Абдухалил, Ҳалимов Пирқадам, Гадоев Набот, Зоғаков Исроил, Саймуртазоев Сафаралӣ, Саймуродов Шодӣ, Султонов Ҳикматулло, Азизода Бурӣ, Илёсов Раҷабалӣ, Давлатов Ҳомидбек, Зарифӣ Сафармуҳаммад, Зулматов Қобил, Рӯзиев Ёриқул, Сафархолов Қутбиддин, Қодиров Зариф, Ғуломҳайдаров Насриддин тақдим намуда, зикр карданд, ки ҳар яке аз онҳо сазовори ҷоизаҳои баланд мебошанд, зеро беш аз 50-солӣ барои рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоштаанд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Амон Боев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар Сайидқул Шомалангов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар Тутихон Назарова зимни суханрониашон аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ғамхории пайвастаашон нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамаи собиқадорони соҳибҷоизаро муборакбод гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва барои Тоҷикистони азиз сарсабзиву шукуфоӣ таманно карданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон