Баъд аз зуҳри имрӯз, 30 декабр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа раиси вилоят собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгордидаро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва саодати ҳамешагии рӯзгорро таманно намуд.
Дар ҷаласа раисони шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомот, сардорони раёсатҳои молия, маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва Агентии нафақа иштирок намуданд.
Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар Шомалангзода Сайидқул оид ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 маърӯза кард.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Панҷ Набот Гадоев, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён Рамазон Муродов ва дигарон ба музокира баромада, оид ба таҳкими фаъолият ва аҳамияти баланд бардоштани мақому мартабаи шӯроҳо дар сатҳи маҳал фикру пешниҳодоташонро ироа намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон заҳматҳои бисёрсола ва бенуқсони аҳли нишастро дар корзори меҳнат, чун ходимони намоёни ҷамъиятӣ, мутахассиси соҳибиззат ва корозмуда хуб мешиносанд ва қадр мекунанд.
— Ному фаъолияти ҳар яки шумо даҳсолаҳо боз ибрати наслҳо буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзад, — идома дод раиси вилоят. — Боиси ифтихор аст, ки шумо, чун шахсиятҳои бедордили ҷомеа, бо эҳсоси баланди башардӯстӣ доим мардумро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, гуфтугӯи мусолиматомези тамаддунҳо ҳидоят менамоед. Шумо ва шогирдони бешуморатон имрӯз ҳам дар баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар мегардонед ва онро тақвият мебахшед.
Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали давлатдорӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва чеҳраҳое, ки дар рушду такомули соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузорӣ намудаанд, бо эътимоду боварӣ онҳоро ҳамчун мактаби тарбияи насли ҷавони ҷомеа унвон кардаанд ва ғамхорӣ дар ҳаққи ин табақа пайваста амалӣ карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буда, ин масъала ҳамеша дар мадди назари мо қарор дорад.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идора, муассисаву корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва соҳибкорону тоҷирон вазифадор карда шудаанд, ки дар арафаи иду ҷашнвораҳо дар баробари ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, табақаи ниёзманди аҳолӣ, ҳамватанони бемору барҷомонда дар ҷумҳурӣ кумак намудан, ба собиқадорони ҷангу меҳнат низ кумакҳои моддӣ расонанд ва ин амали хайру савоб дар вилоят хуб ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ниёзмандон дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дастгирӣ ёфта истодааст.
— Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии Шумо – собиқадорону меҳтарони меҳнат имрӯз барои насли нав намунаи ибрат ва сабақ аст, зеро шумо лаҳзаҳои беҳтарин солҳои умри худро ба ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшидаед ва дар тарбияи насли наврас ҳиссагузор ва пешбарандаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед, — иброз дошт раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки баргузории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва пайгирии масъалаҳои фаъолияти онҳо ҳамкории собиқадорони меҳнатро бо раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои ҳокимияти давлатӣ дар самти тарѓиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва муаррифии арзишҳои миллӣ мустаҳкам хоҳад намуд.
Соли 2020 бо ҳама комёбиву муваффақият ва дастовардҳо паси сар мешавад ва соле, ки дар пеш аст, соли имтиҳони бузург ва таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Ҷаласаи узви Созмони Ҳакмории Шанхай дар назар аст, ки ҳар як фард аз имрӯз бояд барои ободонию тозагии хонаву дар, маҳал ва шаҳру ноҳия, дар маҷмӯъ барои Тоҷикистони азиз масъулияти бештар зоҳир намоянд.
— Шумо, ки дар ҳама маврид дар сафи пеш қарор доред, боварӣ дорам, ки дар ин самт низ масъулияти бештар зоҳир карда, паҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо истода, баҳри дастгирии сиёсати роҳбарияти олии сиёсии кишвар тамоми донишу неру ва қувваи худро равона менамоед, — гуфт Қурбон Ҳакимзода. — Итминонам комил аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бо иштироку ибрати шахсӣ, маслиҳату насиҳатҳо ва як каф дуои хайр дар амалӣ гардидани ин масъулияти таърихӣ саҳми намоён хоҳанд гузошт.
Дар ҷаласаи Шӯро паҳлуҳои мухталифи фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд шуд, ки рафъи мушкилот ва камбудию нуқсонҳои дарҷгардида дар ҳамбастагӣ имконпазир мебошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон