Имрӯз, 15 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар карданд.
Қайд гардид, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардиданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба унвони мисол зикр намуд, ки агар дар соли 2019 содироту воридоти молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба қадри 4,3 миллион доллари ИМА сурат гирифта бошад, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ ин рақам зиёда аз 5,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки гувоҳи рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошад.
Аз Тоҷикистон ба кишвари дӯсти Қазоқистон асосан пахта, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи бофандагӣ содирот шуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз ҳама гандум ва маҳсулоти ордӣ, инчунин маводи сӯзишворӣ ворид карда мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки самтҳои афзалиятдори ҳамкориҳои иқтисодии ду мамлакат аз саноати истихроҷи маъдан, металлургияи ранга, сектори мошинасозӣ, комплекси агросаноатӣ, эренгетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия иборат аст.
Қурбон Ҳакимзода изҳор кард, ки вилояти Хатлон аз калонтарин минтақаҳои кишоварзии мамлакат ба шумор рафта, шуғли асосии мардум кишоварзӣ, боғдорӣ, обчакорӣ, чорвопарварӣ, пахтакорӣ мебошад.
— Фикр мекунам, ки барои ҳар ду ҷониб рушд додани ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консерваҳои меваю сабзавот ба Қазоқистон, бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди шир, гандум, пашм ва чарм судманд мебошад, — қайд намуд раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода. – Мо метавонем инчунин дар самтҳои рушди туризм, таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагию ресандагӣ, ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб”, иҷораи дарозмуддати заминҳои таъиноти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати хурду миёна бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории Қазоқистон, иштироки намояндагони вилояти Хатлон ва вилоятҳои Қазоқистон дар ярмаркаю намоишгоҳҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.
Кӯҳу талу теппаҳои вилояти Хатлон аз растаниҳои шифобахш бой буда, мо метавонем дар бахши дорусозӣ низ ҳамкорӣ намоем.
Сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев аз меҳмонавозӣ ва қабули самимона изҳори сипос карда, гуфт, ки мулоқоти имрӯза барои боз ҳам устувортар гардонидани муносибатҳои миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
— Мо тайи чанд сол аст, ки дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳои зич дорем, — идома дод сафир. — Дар бахши маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи хуб ҳосил кардаем. Дар ин замина Ҷумҳурии Қазоқистон нақшаҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ карда, онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда барои баррасӣ пешниҳод менамояд. Дар омода кардани мутахассисони соҳаи кайҳоншиносӣ, техникаю технологияи муосир, телевизион ва радиокоммуникатсия, соҳаи алоқа ва кишоварзӣ метавонем ҳамкориҳоро мустаҳкамтар намоем. Барои сохтани сардхонаҳо ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ низ шароити хубу мувофиқи ҳамкорӣ дар вилоят фароҳам аст.
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ҳавасмандӣ нишон доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон