Имрӯз, 23 феврал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Душанбе бо раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён мулоқот анҷом дод.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ташрифи раиси вилояти Хуросонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз таърихи қадим сарчашма гирифта, Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки моҳи декабри соли 2019 собиқ раиси вилояти Хуросони Разавӣ ҷаноби Алиризо Размҳусейнӣ аз вилояти Хатлон боздид карда буд ва ба имзо расонии ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Хуросони Разавӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот доир ба тавонмандиҳои кишоварзию саноатӣ ва табиии вилояти Хатлон маълумот дод.
— Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,8 миллиард сомонӣ расида, аз ҳисоби соҳибкорони вилояти Хатлон 619 корхонаю коргоҳҳо бунёд гардид, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. — Дар вилоят ба ислоҳот ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти зарурӣ дода шуда, то ҳол зиёда аз 68 ҳазор ҳоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар соли 2020 ба 17 миллиард сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати соли 2019 1,5 миллиард ё ин ки 9,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли 2020 аз қаламрави вилояти Хатлон 110 ҳазор тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Айни ҳол вилояти Хатлон бо минтақаҳои 34 давлати дуру наздик ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2020 310 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба 143 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот ба 165 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Дар мулоқот зикр гардид, ки соли 2020 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо барои боз ҳам афзоиш додани ин нишондод изҳори алоқамандӣ карданд.
Раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён қайд кард, ки бо вуҷуди он ки бори аввал ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар ин ҷо эҳсоси ғурбат намекунад ва аз пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Зимни муаррифии потенсиали вилояти Хуросони Разавӣ аз ҷумла қайд намуд, ки дар ин минтақаи дорои беш аз 7 миллион аҳолии Эрон ду минтақаи вижаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки базудӣ мақоми минтақаҳои озоди иқтисодиро касб хоҳанд кард. Вилояти Хуросони Разавӣ дар Эрон аз ҷиҳати истеҳсоли гӯшти мурғ дар мақоми чорум ва истеҳсоли тухми он дар мақоми дувум қарор дорад. 75% заъфарони дунё дар Хуросони Разавӣ мерӯяд.
Раисони вилоятҳои Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Хуросони Разавӣ Муҳаммадсодиқ Муътамадиён доир ба имконияти роҳандозӣ ва вусъатбахшии ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди пӯсту пашми чорво, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои табиӣ, бунёди корхонаҳои муштараки коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии соҳибкорон табодули назар карданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои аграрӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ иброз намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон