Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дидору мулоқот анҷом дод.
Қобили зикр аст, ки 16 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо интихобкунандаго н аз 10 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳру навоҳии вилоят сафарҳои корӣ анҷом дода истодаанд. Ин вохӯриҳо то 18 сентябр давом мекунанд.
Дар мулоқот бо раиси вилоят вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба арзу дархости интихобкунандагон, ки ба масъалаҳои ироаи қитъаи замин барои бунёди мактаб, ба таъмир ниёз доштани насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, кашидани хати барқ дар ноҳияи Хуросон, норасоии маркази саломатӣ ва мавзӯъҳои дигари иҷтимоӣ марбут буданд, маълумот доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуданд, ки аз мушкилоти мавҷуда бахубӣ огоҳ буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои зикршуда тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ба қавли раиси вилоят, мушкилоти вобаста ба таъмиру баркорандозии насосҳои обкашӣ зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тобистони соли ҷорӣ бартараф карда шуд.
— Дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти ҷашнӣ дар назар аст, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. – Дар он миён садҳо иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказу бунгоҳҳои тиббӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Танҳо дар зарфи 8 моҳи соли 2019 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад, томактабӣ 12 адад, марказҳои инкишофи кӯдакон 23 адад ва теъдоди муассисаҳои тиббӣ дар вилоят 48 адад афзудааст.
Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо низ баррасӣ шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва мусоидаташон ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинони Хатлонзамин изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон