Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳи корӣ аз ҳисоби афсарони баландрутбаи ҷумҳурӣ бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритуз бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоти судбахш доир намуданд.

Мулоқоти ҷамъбастии гуруҳи мазкур дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки ҷонишини раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, муовинҳои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, имом-хатибон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода ҳусни оғоз бахшида, сипас аъзои ҳайати корӣ генерал-майор Раҷабалӣ Маҳмадалиев, генерал-майор Давлат Бобоев, полковник Ҳабибулло Сафаров, полковник Саломатшоҳ Хушвахтов ба сухан баромада, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ибрози назар карда, аз аҳли нишаст ва дар шахси онҳо аз ҳама сокинони ноҳияи Шаҳритуз, ки ноҳияи сарҳадӣ мебошад, дархост намуданд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари хеш ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Инчунин пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби ҷавонон чун дар солҳои шӯравӣ ячейка ё дастаҳои «Дӯстони ҷавони сарҳадчиён» таъсис дода шуда, барои мустаҳкам роҳандозӣ намудани ҳифзу ҳимояи сарҳади ватани азизамон, тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстии наврасону ҷавонон чораю тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here