27-уми сентябр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Самизода Санавбар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар ҷаласа вакилон, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбуву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идора, раисони ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.
Дар рафти иҷлосия вакилон ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант оид ба тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ ва ҳисоботи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрро доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шуниданд ва паҳлуҳои мухталифи онро мавриди муҳокима қарор дода, фикрҳои худро дар бораи қарорҳои раиси шаҳри Левакант, ки дар давраи байни иҷлосияҳои понздаҳум ва шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум қабул гардидаанд, иброз доштанд.
Дар кори ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Зоирзода У. Т. иштирок ва суханронӣ намуд.