Дар шаҳри Бохтар бо мақсади баррасии Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷаласаи мизи мудаввар муовини раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, коршиносони миллӣ, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси иттилоот Нуриддин Қаршибоев, Умрилло Меликов, Ранжет Ятимов, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон Баҳром Миров, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ иштирок карданд. Лоиҳаи Кодекси иттилоот аз 15 боб ва 247 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотро муқаррар ва муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад.