Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, ки маблағаш 30 ҳазор доллари ИМА аст, ба Шоири халқии Тоҷикистон, драматург ва сенариянавис Муҳаммад Ғоиб дар Қасри Таврическийи Санкт — Петербург супурда шуд.

Ҷоизасупорӣ дар доираи ҷаласаи 50-уми Ассамблея, ки рӯзҳои 21 ва 22 ноябр дар Санкт — Петербург гузашт, баргузор гардида, дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзноманигорон гузориш доданд.

М. Убайдуллоев ба Шӯрои Ассамблея барои бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардондани адиби машҳури тоҷик изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб ғояҳои башардӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба халқро фаро мегирад.

Ин ҷоиза соли 2012 таъсис ёфта, бо он ҳамасола намояндагони шинохтаи адабиёту фарҳанги қаламрави ИДМ қадр мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here