Дар ҷамоати деҳоти “Зарбдор”-и ноҳияи Кӯлоб оиди масъалаи “Роҳҳои мубориза ба терроризму экстремизм” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ҷамоати деҳоти мазкур Хуршед Шомадов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева иштирок ва суханронӣ намуданд.
С. Валиева аз оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуби замон изҳори андеша намуда, қайд намуданд, ки дар баробари бартариҳои зиёди имрӯзаи ҷавонон, боз ҳастанд нафароне, ки бо амалҳои ношоями хеш, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Дар ин росто мебояд мо наврасону ҷавононро аз оқибати ин раванди манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.
Хуршед Шомадов дар поёни ҷамъомад арз намуданд, ки вазъи пурмоҷаро ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир талаб мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм саҳм гузорем.