Пахтакорони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда доданд.

Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.

Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, гуфт, ки кишоварзони шаҳр иқдом доранд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Левакант имрӯз ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here