Имрӯз, 14 ноябр, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пахтакорони ноҳияи Ёвон аз иҷрои пурраи дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта муждаи зафар доданд.

Заркорони ноҳия то 14 ноябр ба қадри 24 ҳазору 864 тонна “тиллои сафед”-и ғундоштаашонро ба нуқтаҳои қабул супурдаанд, ки ба 100,27 дарсади дурнамо баробар аст.

Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10956 гектар пунбадона кишт кардаанд. Ҳосил дар саҳроҳои ноҳия ҳанӯз ҳам мавҷуд буда, пахтакорон азм доранд, ки ҳосили боқимондаи пахтаро пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Ноҳияи Ёвон дар қаламрави вилоят 13-умин ноҳияест, ки дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расонидааст. То ин вақт шаҳру навоҳии Данғара (111,03%), Дӯстӣ (103,92%), Бохтар (102,92%), Левакант (100,93%), Шаҳритуз (100,91%), Қубодиён (100,38%), Ҳамадонӣ (100,26%), Хуросон (100,21%), Носири Хусрав (100,15%), Ҷайҳун (100,14%), Панҷ (100,09%) ва Кӯшониён (100,01%) ба марраи зафар расидаанд.

Қобили зикр аст, ки 1 ноябр, дар рӯзи ҷамъбасти даври чоруми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон, ба раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода барои он ки пахтакорони ноҳия дар 15-рӯзаи чорум ба қадри 23,19 фоизи дурнамо пахта супориданд, Сипосномаи раиси вилоят тақдим шуда буд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то рӯзи 14 ноябр пахтакорони вилояти Хатлон беш аз 255 ҳазор тонна ҳосили «тиллои сафед»-и ҷамъовардаашонро ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард супурдаанд. Ин нишондиҳанда ба 92,9 фисади дурнамои солона баробар аст.

Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 64% то 90% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here