Пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ низ дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуда, то 24 октябр ба қадри 15 ҳазору 909 тонна “тиллои сафед”-и ғундоштаашонро ба нуқтаҳои қабул супурдаанд, ки ба 100,06 дарсади дурнамо баробар аст.

Соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 7048 гектар пунбадона кишт кардаанд. Ҳосил дар саҳроҳои ин ноҳия ҳанӯз ҳам фаровон буда, пахтакорон азм доранд, ки ҷамъоварии онро то охирин кӯрак идома диҳанд.

Ноҳияи Дӯстӣ дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ 5-умин ноҳияест, ки дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расонидааст.

Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то рӯзи 24 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 208 ҳазору 516,4 тонна ҳосили «тиллои сафед»-и ҷамъовардаашонро ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард супурдаанд. Ин нишондиҳанда ба 75,77 фисади дурнамои солона баробар аст.

Дирӯз кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакор 3424,6 тонна пахтаро ғунучин намуда, ба хирман супурдаанд.

Тибқи иттилои Сарраёсати омори вилояти Хатлон, ба ҳолати 24 октябри соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Данғара, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонӣ, ҷамъ 12 шаҳру ноҳия, аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.

Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 53,58% то 71,84% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар

1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Данғара

1,01

102,13

2

Бохтар

0,00

102,02

3

Левакант

0,00

100,82

4

Шаҳритуз

0,00

100,14

5

Дӯстӣ

0,03

100,06

6

Н. Хусрав

1,40

88,10

7

Кӯшониён

1,00

87,71

8

Хуросон

1,70

85,87

9

Қубодиён

2,19

81,00

10

Ҷайҳун

1,51

80,83

11

Панҷ

1,73

77,89

12

Ҳамадонӣ

1,80

76,55

13

Ёвон

1,70

71,84

14

Кӯлоб

1,15

68,39

15

Восеъ

1,12

64,26

16

А. Ҷомӣ

1,48

63,50

17

Ҷ. Балхӣ

1,22

62,83

18

Фархор

1,01

58,75

19

Вахш

1,01

53,58

Дар вилоят

1,24

75,77

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон)

 

 

 

 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here