25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод бо лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шинос шуданд.

Масоҳати умумии обанбори Мӯъминобод 286 гектар ва ғунҷоиши об 30 миллион мукааб метрро ташкил дода, барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст ва ҷойи мусоиду мувофиқ ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, қайиқронӣ, инчунин соҳаи моҳипарварӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ аз тарафи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифӣ ҳолати қаблӣ, ҳозира ва ояндаи мавзеи назди соҳили обанбор шинос карда шуд. Дар нақша аст, ки дар ин ҷо оянда барои ҷалби сайёҳон иншооти зарурии соҳа сохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбори Мӯъминобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.

Моҳи декабри соли 2019 аз ҷониби кормандони ширкати “Меҳвари Душанбе” дар обанбори Мӯъминобод 700 ҳазор кирминамоҳии навъҳои карп, зағорамоҳӣ, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафед сар дода шудааст.

Дар нақша аст, ки дар як сол аз ин обанбор 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад.

Моҳии парваришшуда барои таъмини бозорҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва содирот ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон нигаронида мешавад.

Оянда аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” дар ноҳияи Мӯъминобод бунёди корхонаи коркарди гушти моҳӣ ва истеҳсоли консерваҳо аз моҳӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ширкат то имрӯз 30 нафар дар самти моҳипарварӣ дар бахшҳои корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат фаъолият доранд ва баъди амалисозии лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.