Дар шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур муовини сардори Раёсат- сардори шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб подполковники милитсия Исмоилзода И.И., муовин, сардорони бахшҳо ва намояндагони ВАО-и минтақавӣ иштирок доштанд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ И.Исмоилзода оид ба натиҷаи фаъолияти хизматии шуъбаи минтақавии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ахборот ироа намуд.

Баъдан, рӯзноманигорон оид ба ришватситонӣ, амалҳои коррупсионӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, изофанависӣ аз тарафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар амалҳои коррупсионидошта саволҳо дода, аз масъулони ин соҳа ҷавобҳои мушаххасро гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here