Дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими «Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониёнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Вохӯрии дастаҳо дар ноҳияи Ёвон барпо гардид. Соҳибони майдон баъди ин ғалаба бо касби 43 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа мавқеи худро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Дастаи “Кӯшон” бо 38 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баъд аз тими “Моҳир” қарор дошт.
Баъди мағлубият шонси чемпионии дастаи “Кӯшон” камтар шуд, чун аз рақиби асосиаш тими “Моҳир” 5 имтиёз камтар дорад. Голҳоро аз дастаи пирӯз Бахтовар Ҳалимов (5, 50) ва Акмал Зулпалаев (33) ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Ягона тӯби меҳмононро Азамат Ҳамроқулов дар дақиқаи 19-ум ба самар расонид.
Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони худ аз тими “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 3:0 мағлуб гардид.
“Моҳир” — “Кӯшон” 3:1
“Сарҳадчӣ” — “Арал” 0:3
“Шоҳин” — “Чашма” 3:0
Ҳамлагари дастаи “Моҳир” Бахтовар Ҳалимов бо 19 голи ба дарвозаи ҳарифон задааш айни ҳол беҳтарин нишонзани мусобиқа мебошад.
Бозиҳои даври 17-уми мусобиқа рӯзи 21 октябр сурат мегиранд.