Он шаби ваҳмноки зулмонӣ, ки мардуми саодатманд дар хоби ноз буданд, гурӯҳҳои номаълуми ниқобдор бо найранге ба василаи чанд зан-модар — ин олиҳаи зиндагибахш фитнаи навин ба кор бурданд ва бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод” ҳамла оварда, ҷони фарзандони содиқи ватанро аз байн бурданд.

Сарҳадбонони содиқ, ки шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, ба гармиву сардиҳо нигоҳ накарда, содиқона қарзи фарзандии хешро адо менамуданд, он шаби маргбор ду нафарашон қурбонии тири нохалафон гардиданд.

Ин воқеаи маргзои даҳшатбор фавран дар шабакаҳои интернетӣ пахш гардид ва нафрати мардумро нисбат ба ин гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ин дафъа бо фитнаи дигар мақсади нопоки худро амалӣ намудан мехостанд, афзунтар намуд.

Душманони миллат 6-уми ноябрро, ки барои тоҷикон рӯзи муқаддас маҳсуб мегардад ва ҳамасола дар ин рӯз ҷашни бузург, яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу фазои амну осоишта ва саодати ҳар шаҳрванди кишвари маҳбубамон таҷлил менамоянд, интихоб намуданд ва мехостанд бад-ин васила рӯҳияи шикастанопазири мардумро хароб намоянд ва тухми тоҷику исми Тоҷикистонро аз ҷаридаи олам пок созанд.

Аммо сарҳадбонони шуҷоъ бо дастгирии кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд гурӯҳҳои ҷинояткорро дастгир кунанд, амнияти кишвару ҳаёти шаҳрвандонро ҳифз намоянд.

Давлат ва миллат ба муҳофизони сарҳадҳои давлатӣ эътимоди бузург дорад ва умедвор аст, ки ин фарзандони бонангу номус ва диловар ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва барои таъмини сулҳу субот, амнияти кишвар ва зиндагии босаодати ҳар шаҳрванд тамоми неру, дониш ва тавоноии хешро равона месозанд.

Ҷавонони солимфикри кишвари мо воқиф ҳастанд, ки имрӯз ҳизбҳо, равияҳо ва ташкилотҳои алоҳидаи ҷинояткор, ки бо унвонҳои “террористон”-у “экстремистон” дар тамоми сайёра доираи гурӯҳҳояшонро аз ҳисоби ҷавонони бедониши аз оламу одам бехабар фарох намуда истодаанд, ҳар лаҳза ҷони миллионҳо одамонро бе амри Худованд ба дасти аҷал месупоранд ва миллионҳо нафари дигарро дар гирдоби фано ғарқ менамоянд.

Терроризм ва ифротгароӣ, ин ду падидаи фалокатбор аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, зеро онҳо ҳар лаҳза аз нобудшавии тухми инсоният дарак медиҳанд.

Ин чеҳраҳои манфур, ин аҳриманзодагони чоҳталаб , ки дар ҳар макону ҳар замон бо харобкориҳо ва кушторҳои бераҳмонаи нав ба нав дар назари мардум ҷилвагар ме гарданд, ин дафъа ҳам бо ин кирдори номатлуб алангаи оташи муҳаббати ин халқи бузургворро ба миллати тоҷику Тоҷикистони маҳбубамон фурӯзонтар намуданд.

Ин миллати озодандеши сулҳофару хирадсолор, ки бо хуни дил соҳибистиқлолии давлат, ваҳдату ягонагӣ ва озодии мардумро ба даст оварда буд, талош бар он дорад, ки дигар онро аз даст надиҳад, бинобар ин зиракиву ҳушёриро пешаи худ намуда, дар ҳифзи сулҳу оромӣ, пойдории суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ омода буданро рисолати хеш медонад.

Ин душманони миллат фаромӯш кардаанд, ки муҳофизони Ватан соҳиби иродаи матину рӯҳияи шикастанопазир ҳастанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки душманон қадами номуборакашонро ба хоки поки ин сарзамини аҷдодӣ гузоранд, ба амнияти кишвар халал ворид намоянд ва ба мақсадҳои нопокашон расанд,

Шояд душманони миллат фаромӯш карда бошанд, ки муҳофизон барои Ватан ва  миллат содиқона хизмат мекунанд ва барои ҳифзи ин ду чизи нодир тайёр ҳастанд ҷони хешро қурбон созанд.

Душманон, ки дар ҳар шаклу ҳар ном дар ҷомеаи навини мо зуҳур мекунанд ва фаъолияти худро ба ҳар восита густурда месозанд, танҳо бо як ҳадафу ният, ки он ҳам матлабу фикри шахсии онҳо нест, балки ҳидояту супоришҳои хоҷагони зархариди хориҷиашон аст, ки оромии кишвари моро, саодати мардуми моро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд, онро халалдор созанд ва боз Тоҷикистони моро ба қисматҳои алоҳида ҷудо намоянд, бародарро бо бародар душман кунанд ва исми ин миллати бовиқору мондагорро доғдор созанд.

Зан-модар ин ҳастии аҳли ҷаҳон, ин умрбахши тифлакон, ки ҳаммонанди фариштаи  малакутӣ бо нияти поку дили беғараз ба инсоният меҳри беандоза дорад, ҳаргиз дар пайи озори фарзанди одамӣ набудааст, балки пайваста толиби сулҳу амонӣ буда, осоиштагию амонии инсонияти рӯи заминро ҳар лаҳза аз Холиқи якто хоҳон аст.

Фаҳми инсони солимфикр ҳаргиз инро дарк карда наметавонад ва бовар ҳам намекунад, ки зан- модар қудрати тахрибкорӣ ва куштори инсониятро дорад.

Занони фидоии мусулмон дар ҳар давру замон барои бунёди ҷомеаи ормонӣ, ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони миллат нақшаҳои ҷадид тарҳрезӣ менамуданд ва ҳамқадам бо абармардони шуҷо ва бовиқор дар бунёди дунёи лаёқатгаро саҳми муассир мегузоштанд.

Мардуми мусулмон, чунонки мо аз таърих огоҳӣ дорем, дар симои зан-модар вуҷуди ҳаётофарин, созанда, сулҳхоҳу ваҳдатофар, мушфиқу меҳрубон, дурандешу оқила, ҳикматомӯзу зиндагисоз ва тарбиядиҳандаи наслҳои солимандеша медиданд, ба ӯ арҷ мегузоштанд ва мақоми баландро сазовораш медонистанд.

Ва мо, занону модарони мусулмони замони нав, низ бояд ин рисолати ба дӯшамон гузошташударо сарбаландона иҷро намоем, зеро мо ҳамеша дар такя ба хиради гузаштагони мондагори оламшумули хеш роҳ ба сӯи фатҳи қуллаи мурод паймуда, роҳнамои аҳли башар гардидаем.

Бешак, гуфта метавонам, ки бузургтарин занони дунё, ки ба мартабаи баланди сарварӣ расидаанд ва он заноне, ки дар қатори мардони бузурги олам дар таърих бо хати заррин сабти ном гардидаанд, маҳз, ҳиммату хирад, иффату покизагӣ, шафқату меҳрубонӣ ва инсони комил буданро аз занони фидоии мусулмон ёд гирифтаанду алъон низ онро чун бузургтарин таҷриба дар ҳаёти шахсӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва кору пайкори ҳамарӯзаи хеш истифода мебаранд ва дар ҳама ҷо дастболо мешаванд.

Дар ҷаридаи олам исми зан-модари мусулмон ҳамчун хоин, одамкуш, террористу ифротӣ ҳаргиз сабт нагардидааст ва он ки дар ҳодисаи хунини 6 ноябри соли 2019 ин занон ба чунин аъмоли нангини ваҳшиёна, яъне, ба куштори инсоният даст задаанд, воқеан ҳам нобахшиданист.

Мо, занону бонувон ва ҷавондухтарони шарафманди ноҳияи Носири Хусрав дар пеши муҳофизони нангу номус, бахусус, сарҳадчиёни давлатӣ, ки баҳри ҳифозати нангу номуси модарону хоҳарон ва осоиштагии зиндагии мардум ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд, сари таъзим фуруд меорем.

Мо толибони адолат, толибони сулҳу ваҳдат ва оромииву осоиштагӣ ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии ширини фарзандони мо ба ҷаҳаннами абадият табдил ёбад.

Мо мехоҳем сулҳи деринтизори мо, ки бо ҳазорон қурбониву шаҳидшуданҳо ба даст омадааст, ҷовидона бошад.

Мо тарафдори сулҳу амонӣ, дӯстиву рафоқат ва саодати фарзандони тоҷик ва аҳли башар ҳастем ва мутмаин ҳастем, ки ягон гурӯҳҳои ҷиноятпеша наметавонанд моро аз ин роҳи зиндагисозу инсонсоз бозпас гардонанд.

Мо, занону бонувони бовиқори ноҳия ҳамеша дуогӯи он ҳастем, ки дунё тинҷу ором бошад ва аҳли сайёра дар фазои осоиштагӣ, амонӣ, дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд, ва барои бунёди ҷомеаи навини орӣ аз нопокиву ноадолатӣ ва адовату ифротгароӣ талошҳои хастанопазир намоянд.

Мо ба муттаҳидии халқи бузургворамон эътимоди қавӣ дорем ва итминони комил дорем, ки ҳеҷ қувваи баду тахрибкори оламсӯзи аҳриманӣ риштаҳои мустаҳками ваҳдату ягонагии миллати моро аз ҳам гусаста карда наметавонанд.

Мо, занон-модарони тоҷик, ки ба ояндаи дурахшони миллати мондагори хеш боварии комил дорем, талош бар он менамоем, ки бо дили поку ниятҳои созандаву инсонсоз дар ҷомеаи ҷадид мақоми волоро касб намоем ва парвонасон дар гирди Пешвои муаззам ҷамъ омада, барои ояндаи аз ин дурахшонтару зеботар нақшаҳои нав тарҳрезӣ намоем .

Мо аз иғвоҳо ва фитнаҳои душманон намеҳаросем, балки бо хирадсолорӣ ва ақли солиму зиракиву ҳушёрии хеш нақшаҳои онҳоро барбод медиҳем.

Мо амалҳои нопоки занони хоинро, ки барои пулу мол шуда, ҷони фарзанди одамиро бо тиру туфанг ва дигар силоҳи оташфишон мегиранд ва исми мубораки зан-модарро доғдор месозанд, маҳкум менамоем!

Сумангул Асадбекова,

сармуҳаррири нашрияи “Бешкент”,

ноҳияи Носири Хусрав

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here