Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар асоси нақшаи корӣ рӯзҳои 21 – 24 апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнатдӯстию садоқатмандӣ, илмомӯзию забондонӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гиромидошти фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи либосҳои миллӣ инчунин, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, эмин будан аз бемориҳои сироятӣ ва фарогирии онҳо ба эҳсонкорӣ силсилаи чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ, фаҳмондадиҳию маърифатӣ оммавию варзишӣ ва солимгардониро баргузор намуд.
Дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷментӣ – иноватсионии шаҳри Кӯлоб масулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилофти Хатлон бо устодону донишҷӯёни ин муассиса бо мақсади паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВНМО суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Инчунин зери унвони «Мо – ҷавонон ифротгароиро маҳкум мекунем» дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ва гирду атрофи он бо иштироки аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» — и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва фаъолҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят аксияи иттилоотӣ доир карда шуд. Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро, терроризму эсктремизм буда, ба ин васила дар дили ҳар як нафар шаҳрванд бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки ниёгон аст.