Дар доираи Амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019 №АП 1165 Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 27-уми феврали соли 2019 №68 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субхи доноӣ…» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин, аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» мизи мудавар таҳти унвони «Ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхона» баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории мизи мудавар пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, васеъ намудани ҷаҳнбинии онҳо тавассути китоб, бархурдор гардидани аз таъриху тамаддуни гузашта, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъол гардони доираи забондонӣ мебошад.

Дар мизи мудавар аз ҷониби Аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»- и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон маърӯзаҳо дар бораи Ватан-Модар, Китоб ва Дӯстӣ ироа гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here